Сулолаи оҳангарон. Чӣ гуна усто Аҳмад касби аҷдодиашро идома медиҳад?

Аҳмад Умаров беш аз 50 сол инҷониб ба оҳангарӣ машғул аст ва ин касби аҷдодии ӯ ба ҳисоб меравад: 12 ҷадди гузаштааш ҳам оҳангар будаанд. Ӯ аз оҳангарони маъруф ва собиқадори водии Зарафшон ба ҳисоб меравад ва варо бо номи усто Аҳмад бештар мешиносанд. “Азия-Плюс” аз раванди кор ва шаҷараи оҳангарии ӯ гузориш омода кард. Аҳмад Умаров […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аҳмад Умаров беш аз 50 сол инҷониб ба оҳангарӣ машғул аст ва ин касби аҷдодии ӯ ба ҳисоб меравад: 12 ҷадди гузаштааш ҳам оҳангар будаанд. Ӯ аз оҳангарони маъруф ва собиқадори водии Зарафшон ба ҳисоб меравад ва варо бо номи усто Аҳмад бештар мешиносанд. “Азия-Плюс” аз раванди кор ва шаҷараи оҳангарии ӯ гузориш омода кард.

Аҳмад Умаров соли 1963 дар рустои Ворӯи ноҳияи онвақтаи Панҷакент дар оилаи оҳангар чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст ва ба гуфтаи худаш, ин касбро аз падараш омӯхтааст ва аз 8-солагӣ машғули оҳангарист.

Аҳмад Умаров анвои гуногуни асбобро месозад: аз ҷумла корд, табар, теша, метин, каланд, дос, наъл, лос, искана ва ғайра… Пушти дӯкони ӯ ҳамвора харидор аст, ба ӯ барои сохтаи асбобҳои гуногун зиёд фармоиш медиҳанд ва маҳсули дасти ӯ аз Самарқанду Бухоро то Душанбеву Хуҷанду Бохтар талабгор дорад.

Аҳмад Ғолиби ғолиби озмуни ҷумҳуривии “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” низ мебошад. Ҳамвора дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар ширкат мекунад. Ӯ ҳоло дар шаҳраки қадимаи Саразм ҳам дӯкони оҳангарӣ дорад.

Усто то кунун даҳҳо шогирд тарбия кардааст. Ҳоло писараш ҳам ба ин касб машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.