spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тирборон шудани бархе аз маҳаллаҳои Чоркӯҳ дар нимашаб аз сӯйи марзбонони қирғиз

Марзбонони Қирғизистон чанде аз маҳаллаҳои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғдро мавриди тирборон қарор додаанд. Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин тирпаронӣ, тақрибан соати 1.20 нимашаби 11-уми март оғоз шудаву то 1-1,5 соат давом кардааст.

Ба гуфтаи сокинон деҳаи Бӯстон (Қаҳқири собиқ) ё маҳаллаи ба номи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ мавриди тирборони неруҳои марзбони кишвари ҳамсоя қарор гирифтааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки тирборон ба сурати яктарафа буд, ки танҳо марзбонони қирғиз маҳаллаҳои Чоркӯҳро тирборон мекарданд ва марзбонони тоҷик ба онҳо оташи ҷавобӣ накушоданд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз, қабл аз зуҳри 10-уми март бар асари тирпаронии неруҳои қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик кушта ва чанд низомиву сокини маҳаллӣ захмӣ шуда буданд.

Як сокини маҳаллаи Муъминободи Чоркӯҳ, ки дар яккилометрии маҳаллаи Бӯстон қарор дорад, ба "Азия-Плюс" гуфт, ки тирборон тақрибан дар соати 1.20 оғоз шуд ва онҳо намедонанд, ки далели тирборони нимашабӣ чист. 

"Мардум боз овора шуд, ба хонаҳои хешу табор ва ҷойҳои амнтар паноҳ бурдаанд. Қирғизҳо аз чанд навъи силоҳ, аз автомату пулемиёту ҳатто силоҳҳои сангинтар шилик карданд. Шиддати тирборон ба дараҷае буд, ки бому тирезаи хонаҳо меларзид",-мегӯяд ин сокини Чоркӯҳ. 

Ба гуфтаи ин сокини маҳаллӣ, ҳоло тақрибан 10-15 дақиқа аст (ин нафар тақрибан соати 2.50 бо Азия-Плюс суҳбат мекард), ки тирборони неруҳои Қрғизистон бас шудааст, аммо кафолате нест, ки тамоман қатъ шуда бошад ва яке-яке садои тир шунида мешавад, ки мардум сахт нигарон аст.

Дар ҳамин ҳол, иттилои расмие дар ин бора  на аз ҷониби Тоҷикистон ва на аз ҷониби Қирғизистон нашр нашудааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани иттилои расмӣ ва пайомадҳои тирпаронӣ то замони нашри ин хабар бенатиҷа буд.

Расонаҳои Қирғизистон ҳам то лаҳзаи навшри ин хабар ҳеч иттилое дар ин бора нашр накарда буданд. 

МЕДИА (IFRAME)

Ин видеои садои тирборони шадидро сокинони маҳаллӣ ба Азия-Плюс чанд лаҳза пеш фиристоданд

Сокини дигари Чоркӯҳ аз яке аз маҳаллҳои ин ҷамоат (ба далели амнияти номаи маҳалла зикр намешавад) мегӯяд, ки ӯ соати 1.18 дақиқа аз садои тирборони шадид аз хоб бедор шуд. 

"Тирборон бисёр бошиддат буд. То соати 2.34 давом кард. Ҳоло натиҷаҳояш маълум нест. Вале хонаи як сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоев, ки дар наздикии нуқтаи дидабонии марзбонони қирғиз қарор дорад мавриди тирборон қарор гирифтааст",-гуфти ин нафар.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки то кунун дар бораи талафот ва пайомадҳои тирборон маълумоте нест, чун мардум нигаронанд, ки тирпаронӣ дигарбора оғоз нашавад.

Аммо ба гуфти манбаъҳои мо неруҳои қирғиз силоҳҳои сангин ва техникаи низомиро ба нуқтаҳои хатти марзӣ мекашонанд ва чанд рӯз аст, ки руҳияи онҳо руҳияи ғайримуқаррарӣ аст. 

Ба гуфтаи ин сокини Чоркӯҳ имшаб бо фарқ аз шабҳои дигар, баъди тирборон барқро ба сокинони Чоркӯҳ доданд. Шабҳои дигар маҳдудият буд, баъи соати 22.00 барқро қатъ мекарданд, ҳоло барқ ҳаст ва дар ҳли ҳозир оромист, садои тир ба гӯш намерасад.

Тирпаронии субҳи 10-уми март бино ба манбаъҳои "Азия-Плюс" аз Исфара бар пайи марзшикании неруҳои қирғиз сурат гирифта буд. 

«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», – гуфта буд, дирӯз як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».

Аз марзбони кушташуда Сунатулло Маҳмадов ном бурда мешавад.

Дар бемористони марказии Исфара маҷрӯҳ шудани марзбонон ва афроди осоиштаро тасдиқ карда буданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии “24.kg” аз қавли Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишта буд, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Баъди тирпаронии дирӯз, масъулони марзӣ ва мақомоти маҳалии ду тараф бар сари музокирот нишаста буданд, ки бино ба иттилои расонаии қирғизии  24.kg  бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ин тавофуқи пешакӣ расида буданд:

• ҳар кадоме аз тарафҳо таҳқиқоти худро дар мавриди даргирии мусаллаҳонаи 10 март мегузаронад, ки натиҷаҳои пешакӣ бояд дар мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои марзбонӣ, ки 12-уми март  дар назар гирифта шудааст, пешниҳод мешаванд;

• ҳар кадоме аз тарафҳо миёни сокинони маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад;

Ҳамчунин дар ин музокирот масъалаи риояи хатти марзӣ барои адои хидмати низомӣ аз сӯйи марзбонони ду тараф баррасӣ шуда буд. Ҳамчунин ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки низомиён ва техникаи низомиро  аз  хатти марз дубора ба макони будубошашон бармегардонанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...