“Беш аз 800 ҳазор сомониро аз худ кард”. Директори пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба пулшӯӣ муттаҳам шуд

Кароматулло Раҳимзода, директори пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба пулшӯӣ ба маблағи беш аз 800 ҳазор сомонӣ муттаҳам шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Кароматулло Раҳимзода ин кирдорро бо кумаки сармуҳосиби муассиса Баҳриддинов С.С. ва соҳибкор Якубов Ш.А. анҷом додааст ва номбурдагон шарикони ин амали […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кароматулло Раҳимзода, директори пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба пулшӯӣ ба маблағи беш аз 800 ҳазор сомонӣ муттаҳам шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Кароматулло Раҳимзода ин кирдорро бо кумаки сармуҳосиби муассиса Баҳриддинов С.С. ва соҳибкор Якубов Ш.А. анҷом додааст ва номбурдагон шарикони ин амали ҷиноятӣ ҳисоб мешаванд.

Гуфта мешавад, Раҳимзода аз 20-уми феврали соли 2020 то 19-уми сентябри соли 2023 дар вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кору фаъолият карда, дар ин муддат “бо истифода аз ваколати мансабӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсон” ба пулшӯӣ даст задааст.

“…маблағҳои барои пардохти музди меҳнат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мукофотпулиҳо ва дигар хароҷотҳои Муассиса пешбинишударо, ки дар ихтиёрдориашон қарор дошт, давра ба давра бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ҷамъ ба маблағи 834 ҳазору 441 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф карданд”, – навиштааст Агентии зиддифасоди Тоҷикистон.

Таъкид гардидааст, ки гумонбарон бо ин “кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”. Дар ҳамин ҳол, афзуда мешавад, ки дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда пурра барқарор гардидааст.

Кароматулло Раҳимов пештар аз ин директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд ва бо фармони вазири пешини фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин гардида буд.

Нисбати директор ва сармуҳосиби пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон Кароматулло Раҳимзода ва Баҳриддинов С.С. бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Алайҳи соҳибкор Якубов Ш.А. бо моддаҳои 36, қисми 5 ва моддаи 245, қисми 2, бандҳои “а”, “г”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ гардидааст.

Назари гумонбаршавандагон ба мо дастрас нест. Ғайр аз ин, маълум нест, ки соҳибкор Якубов ба ин кирдор чӣ пайвандӣ ё иртибот дорад.

Дар ҳамин ҳол, моддаи 245, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон содир шуда” аст, ки аз 1 ҳазору 824 то 2 ҳазору 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 10 то 15 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Моддаи 323-и Кодекси ҷиноятӣ “сохтакории хизматӣ” аст, ки аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 1 то 2 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Моддаи 36, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ “ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардааст” ва моддаи 245, қисми 2, бандҳои “а”, “г”-и Кодекси ҷиноятӣ такроран ва бо истифодаи ваколати мансабдорӣ дар азонихудкунӣ ё исрофкориро пешбинӣ мекунад.

Ҳоло ин се парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.