Таваҷҷуҳи БАТР ба сохтмони неругоҳҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дарёи Зарафшон

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа чанде пеш бо директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ хонум Айтен Рустамова дидору гуфтушунид кард. Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. “Ҳамзамон, ба маблағгузории лоиҳаи […]

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа чанде пеш бо директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ хонум Айтен Рустамова дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Ҳамзамон, ба маблағгузории лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Қобили зикр аст, ки доир ба қарордоди сохтмони 2 неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳанӯз соли 2018 тавофуқи пешакӣ ҳосил карда буданд.

Моҳи июни соли 2022 сарони ҳарду кишвар зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сохтмони яке аз ин 2 неругоҳ – НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт ҳусни оғоз бахшиданд.

Нархи тахминии НБО “Ёвон” 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар он ҳамасола 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад.

Иқтидори лоиҳавии неругоҳи 2-юм дар дарёи Зарафшон тибқи маълуомти пешакӣ, 180 МВТ-ро ташкил хоҳад дод. Дар назар аст, ки неруи барқи тавлидшуда дар ин неругоҳҳ ба Ӯзбекистон интиқол дода мешавад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, ҷиҳати ба маблағгузорӣ ба ин лоиҳа ниҳодҳои пешрафтии байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла БАТР ва Бонки осиёии рушд (БОР) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар маълумоти Вазорати энергетика таъкид мешавад, ки Далер Ҷумъа ва Айтен Рустамова доир ба лоиҳаҳои CASA-1000, “Таҷдиди НБО “Қайроққум””, “Кам намудани талфоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб”, азнавсозии зеристгоҳи барқии “Суғд-500” ва омӯзиши бозори энергетикии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоя барои рушди соҳаи электроэнергетика табодули назар намуданд.

Изҳори итминон шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, густариш тавсеа меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар барои қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...