Қатъи интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт

Дар чанде аз микрорайон ва маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз шабона интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад. Интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 15 июл то соати 16:00-и рӯзи 16 июл қатъ мегардад. Интиқоли об ба маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, инчунин микрорайонҳои 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, […]

Asia-Plus

Дар чанде аз микрорайон ва маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз шабона интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад.

Интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 15 июл то соати 16:00-и рӯзи 16 июл қатъ мегардад.

Интиқоли об ба маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, инчунин микрорайонҳои 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 қатъ мегардад.

Дар шаҳрдории пойтахт сабаби қатъи интиқоли обро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ дар доираи лоиҳаи “Таъминот бо об ва обу корези шаҳри Душанбе” рабт медиҳанд.

Дар робита ба ин, ба сокинони пойтахт тавсия дода мешавад, ки миқдори зарурии обро захира кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.