Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо боздид аз шаҳри Лвов шурӯъ гардид.
Тибқи иттилои мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Лвов, дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин шаҳр дидору гуфтушуниди ӯ бо мақомоти раҳбарии вилоят ва Шӯрои вилоятии Лвов дар назар аст. «Ғайр аз ин, сарвари давлати Тоҷикистон дар ин шаҳр қабри бародараш – Файзиддин Раҳмоновро, ки солҳои 50-уми асри гузашта ба таври фоҷеанок ҳангоми адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳалокат расидааст, зиёрат хоҳад кард», – иттилоъ медиҳад манбаъ.
Пагоҳ дар пойтахти Украина – шаҳри Киев қисмати расмии маросими сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина оғоз мегардад. Дар чаҳорчӯбаи сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Юшенко, саравазир ва раиси Радаи Олии ин кишвар доир мегардад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз шаҳри Харков низ боздид хоҳад кард.