Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам…”

Далер Назаров, овозхони маъруфи тоҷик дар як мусоҳиба бо рӯзноманигори “Адабиёт ва санъат” Сайидо Шарифӣ аз шеваи интихоби матни оҳангҳояш, таносуби мусиқиву тасвир, далели интихоби  шеъри Лоиқ ва вижагиҳои мусиқие, ки барои синамо офарида мешаванд, ёд овард. Ӯ махсусан пиромуни шеъри Лоиқ ва мавқеи он дар эҷодаш андешаҳои ҷолиб изҳор намуда, аз Лоиқ ба унвони яке аз […]

Таҳияи Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Далер Назаров, овозхони маъруфи тоҷик дар як мусоҳиба бо рӯзноманигори “Адабиёт ва санъат” Сайидо Шарифӣ аз шеваи интихоби матни оҳангҳояш, таносуби мусиқиву тасвир, далели интихоби  шеъри Лоиқ ва вижагиҳои мусиқие, ки барои синамо офарида мешаванд, ёд овард.

Ӯ махсусан пиромуни шеъри Лоиқ ва мавқеи он дар эҷодаш андешаҳои ҷолиб изҳор намуда, аз Лоиқ ба унвони яке аз нодиртарин шоироне ном мебарад, ки шеъраш равону фаҳмост.

“Ба назари ман, забони шеъри Лоиқ ниёзе ба ороишу пероиши зиёдатӣ надорад, худ аз худ равшану фаҳмост”, – қайд кардааст ӯ.

Ин овозхони шаҳир шеъри Лоиқро дар сурудани тамоми жанрҳои мусиқӣ, шашмақом, рок, мадо, блюз ҳамвазн дарёфтааст, ки баробари хондан ба кадом оҳанг мутобиқ будани он эҳсос мешавад.

“Агар ман ҳам шеър менавиштам, мехостам, ки мисли Лоиқ бинависам – сода, фаҳмо ва бо забони ноби тоҷикӣ, ки дар ҳама минтақаҳо онро озод мефаҳманд ва шоирро дарк мекунанд. Шеъри ӯ муроҷиати як инсон ба инсони дигар аст”, – тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

“Интихоби матни оҳангҳоям тасодуфист…”

Далер Назаров мегӯяд, интихоби матни сурудаҳояш аксаран тасодуфӣ аст.

“Барои мисол, рӯйи миз китобе истодааст ва бод варақгардонаш карда, саҳифаеро боз мекунам. Ногаҳ нигаҳам ба он меафтад ва эҳсос мекунам, ки ин лаҳза зиндагӣ барои ман маҳз ин шеърро пешкаш дорад. Ман шеърҳои Рӯдакӣ ва Ҳилолиро бо ҳамин усул интихоб кардам”, – зикр мекунад ӯ.

Далер Назаров аз шеърҳои “Дунёи савдо бигзарад” ва “Тоҷикистон мазҳари ман”, ки ба гуфтаи худаш аввалиро амиқ дарк намекарду дуввумиро ба далели ворид будан ба дунёи шеъри Лоиқ хуб дарк кард, ёд овардааст.

 

“Мусиқие, ки барои синамо эҷод мешавад, аз дигар оҳангҳо тафовут дорад…”

Ба андешаи ӯ, вақте овозхон барои синамо оҳанг меофарад, шахсияташ бояд чун коргардон ва ё наворбардор пинҳон монад. Дар акси ҳол, маъруфияти филм халалдор мешавад.

“Бояд он гуна суруд хонд, ки гӯё чашмаи кӯҳӣ ва ё боди баҳорӣ суруд мехонад”, – гуфтааст ӯ.

Ӯ маҳсули санъатро ба доруе монанд кардааст, ки баъди истеъмолаш одамон якдигарро бештар дӯст медоранду домани сулҳ дар ҷаҳон густурдатар мешавад.

Далер Назаров аз аввалин ҳунарнамоиаш, ки дар 12-солагиаш дар кадом мактабе будааст, ёд оварда, гуфтааст, ки бори аввал чӣ гуна будани саҳнаро эҳсос кард ва “дар тасаввураш гӯё мисли гурӯҳи Битлз овозадор буданд”.

 

“Хоб сарчашмаи эҷодиёти ман нест”

Далер Назаров мегӯяд, баъзе оҳангҳо дар хобаш ба зуҳур омадаанд. Аз ҷумла, яке аз оҳангҳои филми “Падари моҳтобӣ”, ки оҳанги бисёр ҳазинест ва марбут ба лаҳзаи зери дашному таънаи мардум қарор гирифтани Мамлакат, қаҳрамони асосии филм аст, дар хобаш омадаанд. Бо вуҷуди ин ӯ хобро сарчашмаи эҷодиёти худ намеҳисобад.

“Мавҷи оҳангҳо метавонанд ҳар вақте биёянд. Аммо ман ҳамеша дар ҳолати илҳом қарор дорам, яъне эҳсоси зиндагӣ ҳамеша бо ман аст ва метавонам бадоҳатан мусиқӣ навозам”, – изҳор кардааст ӯ.

Ӯ мусиқиро имкони пайвастан ба инсонҳо ва “василаи иттифоқ ва якдигарфаҳмӣ”  медонад.

 

Таносуби мусиқиву тасвир

Далер Назар, ки худ дар кӯдакӣ ба мусаввирӣ рағбати зиёд доштааст, ин ду ҳунар – рассомӣ ва овозхониро ба ҳам пайванд медонад. Ба андешаи ӯ, ҳам рассому ҳам оҳангсоз мехоҳад он чизеро, ки дар ботинаш ба вуҷуд меояд, ба берун барорад ва тасвир кунад. Ва ба тасаввуроташ то чӣ андоза монанд будани тасвир ин маҳорати эҷодкор аст.

Бояд гуфт, Далер Назар дар чанд соли охир аз суҳбати муфассал бо расонаҳо канорагирӣ мекард. Ҳатто дар 60-солагиаш талоши расонаҳо барои мусоҳиба оростан бо ӯ бенатиҷа монда буд.

Моҳи ноябри соли 2024 оҳангҳои Далер Назарро, ки барои синамо эҷод шудаанд, дар маҳфиле мавриди баррасӣ қарор доданд, ки қариб 4 соат идома кард. Далели бо таъкиди маҳз ин паҳлӯи эҷоди Далер Назар баргузор шудани маҳфил нокушода мондани ин бахши эҷоди ӯ, ки ба туфайли онҳо филмҳо ба шоҳкорҳо табдил меёбанд, шарҳ ёфта буд.

Аз ин бахши эҷоди Далер Назар дар гузориши мо аз он маҳфил бо унвони Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.