Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид ба мақоми президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони СММ) барои соли 2025 интихоб гардидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки дар соли ҷорӣ Ҷонибек Ҳикмат ин мақомро роҳбарӣ мекунад ва ин ба Тоҷикистон имконият медиҳад […]

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид ба мақоми президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони СММ) барои соли 2025 интихоб гардидааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки дар соли ҷорӣ Ҷонибек Ҳикмат ин мақомро роҳбарӣ мекунад ва ин ба Тоҷикистон имконият медиҳад дар ташаббусҳои байналмилалӣ, ки барои беҳтар кардани шароити зиндагии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудаанд, фаъолона иштирок намояд.

Бояд гуфт, ки Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо иборат буда, вазифаи назорат ва арзёбии фаъолияти ин бунёдро бар ӯҳда дорад. Президенти Шӯро ва аъзои он ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал карда, ба масъалаҳои маъмурӣ ва амалкардӣ (функсионалӣ) тамаркуз мекунанд.

Ҷонибек Ҳикмат кист?

Ҷонибек Ҳикмат соли 2021 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон сафир ё намояндаи нави Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид  таъин шуд. Ӯ то имрӯз дар ин вазифа фаъолият мекунад.

Номбурда қаблан дар солҳои 2010 – 2014 ҳамчун котиби дуюм дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчун котиби дуюм дар Дастгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ адои вазифа кардааст.

Ҷонибек Ҳикмат солҳои 2016 – 2019 дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар вазифаҳои котиби аввал ва мушовир фаъолият кардааст.

Ӯ хатмкардаи Eastern Mediterranean University-и Кипр аст.

Номбурда оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.