Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад

Дар Тоҷикистон гумонбари ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина, ки маҷбуран ҳуҷҷатҳоро гирифта, ба кормандон пул пардохт намекардааст, боздошт шуд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад. “Сокини 36-солаи шаҳри Конибодом дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормнадони милитсия ба гумони даст доштан дар роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуд, – омадааст дар хабар. – Гумонбаршуда чандин […]

Дар Тоҷикистон гумонбари ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина, ки маҷбуран ҳуҷҷатҳоро гирифта, ба кормандон пул пардохт намекардааст, боздошт шуд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Сокини 36-солаи шаҳри Конибодом дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормнадони милитсия ба гумони даст доштан дар роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуд, – омадааст дар хабар. – Гумонбаршуда чандин нафарро бо ваъдаи кор ба сифати фурӯшанда ва дигар ихтисосҳо ҷалб намуда, лекин ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт накардааст, ки дар натиҷа ба онҳо зарари зиёди молиявӣ расидааст”.

Масалан, марди 33-сола ба сифати фурӯшанда кор карда, 900 ҳазор рубли Русия зарар дидааст, боз ба як марди дигари 32-сола 4,8 млн рубл зарар расонида шудааст. Боз як ҷабрдида гӯё ба маблағи 15 ҳазор доллар аз ӯ қарздор буда, гумонбаршуда то имрӯз баргардонидани онро талаб дорад. Дигар коргарон бар асари пардохт нашудани маош ба маблағи зиёда аз 2 млн 40 ҳазор рубл зарар дидаанд.

Нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 335, қ. 2, иловаи 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар ин модда ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 75 сомонӣ) ё ҷазои корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин парванда тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.