Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст

Date:

Соли гузашта дар вилояти Суғд қариб 3 ҳазор кас ба бемории зардпарвин гирифтор шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм тақрибан 600 кас бештар аст. Дар ин бора Таҳмина Усмонова, муовини  директори  Маркази санитарӣ- эпидемиологи вилоят ба “Азия-плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ки имрӯзҳо омори ин беморӣ на танҳо дар вилояти Суғд, ҳамчунин дар тамоми ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. 

“Давоми соли 2024 дар вилояти Суғд 2991 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст,  ки нисбат ба ҳамин давраи қиёсӣ 586 ҳолат зиёд аст. Ин шумора сари 100 ҳазор  аҳолӣ  1%-ро ташкил медиҳад”, -гуфт ӯ.

Таҳлилҳои эпидемиологҳо нишон медиҳад, ки дар қиёс ба 5 соли гузашта вазъи сироятёбӣ ба бемории сироятии зардпарвин миёна мебошад. Аз ҷумла соли 2020-ум қариб 4 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Таҳмина Усмонова

Бемории зардпарвин(зардча) дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он- зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд.

Омори гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар 6 соли охир дар вилояти Суғд:

– Соли 2019- 3459 ҳолат;

– Соли 2020-3817 ҳолат;

– Соли 2021-1986 ҳолат;

– Соли 2022-2028 ҳолат;

– Соли  2023-2405 ҳолат;

– Соли 2024- 2991 ҳолат.

Ба гуфтаи ин масъул сабаби зиёд ба қайд гирифтани беморӣ фаро расидани мавсими сардӣ ва саривақт маҳдуд накардани ҳуҷраи шахсии бемор аст, ки дар натиҷа сабаби сирояти атрофиён мегардад. Сабаби дигар ба гуфтаи ӯ, дер муроҷиат кардани наздикони бемор ба муассисаҳои тандурустӣ мебошад.

Инчунин, Усмонова гуфт бояд наздикони бемор дар манзили истиқоматӣ ҳуҷраи ӯро ҳатман алоҳида кунанд, хонандаи мактаб ё кӯдаконе, ки ба боғча мераванд то ба охир табобат кунанд ва ба муассисаи таълимӣ нафиристанд.

Ин беморӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва  Айнӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...