Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст

Як соҳибкори маҳҳаллӣ аз шаҳри Конибодом 10 хонаи истиқомати сохта, аз номи президенти Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд тақдим кардааст. Калиди хонаҳоро дирӯз, 18-уми феврал Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом ба соҳибонашон супориданд. Дар ин бора Дилшодҷон Холматов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Конибодом ба “Азия-Плюс” хабар […]

Мазҳаб Ҷумъа

Як соҳибкори маҳҳаллӣ аз шаҳри Конибодом 10 хонаи истиқомати сохта, аз номи президенти Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд тақдим кардааст. Калиди хонаҳоро дирӯз, 18-уми феврал Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом ба соҳибонашон супориданд.

Дар ин бора Дилшодҷон Холматов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Конибодом ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Дар хабарномае, ки дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд нашр кардааст, омадааст, “аснои суҳбат бо сокинон роҳбари вилоят онҳоро барои соҳиб шудан ба хонаҳои нав табрик карда, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат қишри осебпазири ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.”

Манбаъи мо аз ин соҳибкор Акмалҷон Шокиров, роҳбари ширкати “Мерос” ном бурд, ки 5 оилаи пешқадами ширкати мазкур ва 5 оилаи ниёзманд хона тақдим кард. Худи ӯ низ зимни тақдими хонаҳо ҳузур дошт.

Дилшодҷон Холматов гуфт, ин соҳибкори маҳаллӣ қаблан низ ба 8 оилаи ниёзманд хона тақдим карда буд, вале он замон нахост, ин иқдомаш расонаӣ шавад.

Қаблан, низ дар бораи сохтмону ба оилаҳои камбизоат тақдим крадани хонаҳо расонаӣ шуда буд. Вале аксаран дастгоҳи таблиғотии бархе ниҳодҳо ва роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хонаҳое, ки сохта ба тақдим мешаванд, кушиш мекунанд ба номи роҳбари худ муаррифӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.