Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон, ки рӯзҳои 7-14 май дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа баргузор мешавад, эълон кард.
Мутобиқи регламенти чемпионат, дар он ҷудокороне иштирок карда метавонанд, ки то 3 апрел дар сафи ТОП-100-и радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон инҳо шомил шудаанд:
Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг), Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду- 81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду – 90 кг), Абӯбакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), фонди ҷоизавии чемпионат 1 млн евроро ташкил дода, дар мусобиқаҳои инфиродӣ барои ишғоли зинаи 1-ум 25 ҳазор евро, зинаи 2-юм – 15 ҳазор евро ва зинаи 3-юм (2 нафар) – 8 ҳазор еврогӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Дар мусобиқаҳои даставӣ барои зинаи 1-ум 90 ҳазор евро, зинаи 2-юм – 60 ҳазор евро ва зинаи 3-юм – 25 ҳазор евро мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳар кадоме аз иштирокчиёни чемпионати ҷаҳон дар ҳисобҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ ба 20 хол соҳиб мешавад. Ғолибон 2000 хол, зинаҳои 2-юм – 1400 хол ва зинаҳои 3-юм – 1000 хол гирифта метавонанд.
Чемпионати ҷудои ҷаҳон аз 7 то 14 майи соли 2023 дар толори “Алӣ Бин Ҳамад ал-Аттия” дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад.
Чемпионатҳои ҷудои ҷаҳон аз соли 1956 гузаронида шуда, дар аввал мардон ва занон дар ҷойҳои гуногун рақобат мекарданд. Аз соли 1987 чемпионатҳои ҷудои ҷаҳон дар доираи як мусобиқа баргузор мешаванд.
Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон мунтахаби Тоҷикистон баъди ба соҳибистиқлолӣ расидан иштирок мекунад. То ин дам ҷудокорони тоҷик ҳамагӣ як медал ба даст оварданд: соли 2007 дар Рио-де-Жанейро Расул Боқиев ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид.