Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард

Дар Тоҷикистон нахустин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) бо номи TJ-IX (Tajikistan Internet Exchange) дар базаи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, “лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати интернет ва соҳибихтиёрии рақамӣ равона шудааст”. Аз Хадамоти алоқа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳадаф ва вазифаҳои ин нуқта “баланд бардоштани суръати дастрасӣ, коҳиши хароҷот […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нахустин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) бо номи TJ-IX (Tajikistan Internet Exchange) дар базаи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, “лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати интернет ва соҳибихтиёрии рақамӣ равона шудааст”.

Аз Хадамоти алоқа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳадаф ва вазифаҳои ин нуқта “баланд бардоштани суръати дастрасӣ, коҳиши хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланси амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, ташкили экосистемаи рақамии ягона ва муҳайё намудани платформа барои ҳамкории провайдерҳо иборат мебошад”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки IXP ки ба провайдерҳо ва ташкилотҳо имконият медиҳад, ки трафикро мустақим мубодила кунанд.

“Лоиҳаи мазкур барои иштирокчиён мубодилаи мустақими трафик, сабукии шабака, таъмини сифати баланди алоқа, шартҳои соддаи пайвастшавӣ, дастгирии IPv4 ва IPv6-ро кафолат медиҳад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Хадамоти алоқа мегӯяд, “ғунҷоиши шабака то 500 Гбит/с буда, вақти кафолатноки он ба 99.99% баробар мебошад”.

Ин ниҳод аз провайдерҳои интернет, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои маълумот хостааст, ки ба Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) пайваст шаванд.

Хадамоти алоқа мегӯяд, нақша дорад, ки дар ояндаи наздик нуқтаҳои TJ-IX-ро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил карда, платформаҳои  байналмилалиро ҷалб намояд. Ҳамзамон лоиҳаро бо шабакаҳои донишгоҳӣ пайваст созад.

“Ифтитоҳи TJ-IX — қадами муҳим дар самти интернети мустақилу босифат дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи пурраи он ба соҳибихтиёрии бештари рақамии кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Ташкили Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик дар ҳолест, ки сокинони кишвар қариб ҳамарӯза аз суръати паст ва нархи гарони интернет дар кишвар шикоят мекунанд.

Зимнан, Тоҷикистон дар рейтингии моҳи апрели “Speedtest Global Index” аз рӯи суръати интернети собит (проводной) ҷойи 117-ум-ро миёни 155 кишвар ишғол мекунад. Суръати миёнаи боргирӣ (download) 36,96 Мбит/с буда, назар ба суръати миёнаи ҷаҳонӣ (98,3 Мбит/с) хеле поинтар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.