ZET-MOBILE бо истифодаи ТИД алоқаро беҳтар намуда, инфрасохтори шаҳрро инкишоф медиҳад

ZET-MOBILE сифати алоқаро дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе беҳтар кард. 5-уми майи соли ҷорӣ ширкати мобилии ZET-MOBILE дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе такягоҳи истифодаи дучанда (ТИД)-ро насб намуд. Акнун муштариён метавонанд аз интернети мобилии босуръату устувор баҳра баранд. ТИД чист ва чӣ гуна ин ҳалли инноватсионӣ сифати алоқаро барои муштариёни ширкат беҳтар мекунад, нақл менамоем. […]

Варақаи иттилоотӣ

ZET-MOBILE сифати алоқаро дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе беҳтар кард. 5-уми майи соли ҷорӣ ширкати мобилии ZET-MOBILE дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе такягоҳи истифодаи дучанда (ТИД)-ро насб намуд. Акнун муштариён метавонанд аз интернети мобилии босуръату устувор баҳра баранд. ТИД чист ва чӣ гуна ин ҳалли инноватсионӣ сифати алоқаро барои муштариёни ширкат беҳтар мекунад, нақл менамоем.

Такягоҳи истифодаи дучанда – ин як сохтори муҳандисии муосир мебошад, ки вазифаҳои пойгоҳи алоқаро бо элементҳои инфрасохтори шаҳрӣ муттаҳид мекунад. ТИД метавонад сутуни равшанидиҳии кӯча, интиқоли нерӯ, алоқа ва назорати видеоиро дар бар гирад.

Дар муқоиса бо пойгоҳи оддии алоқа, ки танҳо барои мақсадҳои телекоммуникатсионӣ истифода мешавад, ТИД якбора якчанд масъалаҳоро ҳал мекунад— сифати алоқаро беҳтар мекунад ва ҳамзамон симои шаҳрро зеботар месозад.

 

Масалан, такягоҳи насбшудаи ZET-MOBILE дар маҳаллаи 46 хизматрасонии интернети мобилии стандарти 4G-ро фароҳам мекунад ва барои беҳтарсозии сифат ва устувории алоқаи мобилӣ дар ин минтақа нигаронида шудааст.

"Барои мо муҳим аст, ки на танҳо хизматрасониҳои босифати телекоммуникатсионӣ пешниҳод кунем, балки ба рушди инфрасохтори шаҳр низ саҳм гузорем. Насби такягоҳи истифодаи дучанда дар маҳаллаи 46 қадаме дар роҳи шаҳри ҳушманд ва устувор мебошад. Мо  татбиқи қарорҳои муосирро идома медиҳем, то ҳаёти муштариёни худро осонтар ва бехатартар гардонем",  – мегӯяд Бахтиёр Ҳамидов, директори генералии ZET-MOBILE.

Насби аввалин ТИД дар шаҳри Душанбе танҳо оғози барномаи васеъи муосиргардонии шабакаи ZET-MOBILE мебошад. Дар ояндаи наздик, оператор ният дорад, ки чунин сохторҳоро дар дигар минтақаҳои пойтахт ва берун аз он низ насб намояд — бо ин васила инфрасохтори телекомро рушд дода, ба табдили рақамии шаҳр мусоидат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.