Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» коршинос Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ворид гаштани кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайримеъёрӣ талаби даврау замон аст. «Ман бар чунин назарам, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январ доир мегардад, сарвазири кишвар – Оқил Оқиловро ба нафақа гусел намуда, дигар ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар ҳайати ҳукумат сурат нахоҳад гирифт», – мегӯяд коршинос.
Тибқи пешгӯиҳои Ф.Саидов, ба мансабҳои муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, кишвоарзӣ ва молия шахсони нав таъин карда мешаванд. «Бӯҳрони кунунии молӣ тақозо дорад, ки ба сохтори иқтисодии кишвар бояд кадрҳои дорои андешаи ғайримеъёрӣ ворид гарданд», – изҳор дошт ӯ.
Ба назари Ф.Саидов, ба вазифаи сарвазир мутахассиси ҷавони соҳаҳои иқтисод, молия ва комплекси агросаноатӣ таъин шуда метавонад.