Иҷборӣ ва бо пули худ. Пайравони Жириновский пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон дар сарҳад воксинакӯбӣ шаванд

Date:

Вакилони Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии ба Русия сафардошта, дар сарҳади ин кишвар аз вируси менингококк – ангезандаи бемории менингит ба таври ҳатмӣ моякӯбӣ (васинакӯбӣ) шаванд. Дар Тоҷикистон аз ин беморӣ ба таври оммавӣ моякӯбӣ намешавад.

Леонид Слутский, роҳбари ин ҳизб, ки бо ақидаҳои тунди зиддимуҳоҷирон шинохта шудааст, гуфтааст, ин пешниҳод тавассути парлумони Русия ба Хадамоти муҳофизат аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати беҳдошт (Роспотребнадзор) ирсол мешавад.

“Муҳоҷирон бояд ба таври ҳатмӣ дар сарҳад, пеш аз вуруд ба Русия ва аз ҳисоби худашон маоякӯбӣ шаванд”, – гуфтааст Слутский.

Вируси менингококк — ангезандаи менингит – бемориест, ки метавонад боиси маъюбӣ ё марг шавад.

Дар Тоҷикистон алайҳи ин беморӣ ба таври оммавӣ моякӯбӣ намешавад. Аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии эмгузаронии муқобили бемориҳо” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон вояи зидди менингокок нест.

Танҳо онҳое, ки сафари ҳаҷ доранд, аз ин беморӣ моякӯбӣ мешаванд. Ба иттилои манбаъ, ин воя аз ҷониби Вазорати тандурустӣ харидорӣ шуда, зоирон моякӯбӣ мешаванд. Аммо ба қавли манбаъ, чунин воя дар муассисаҳои тиббии хусусӣ мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд аз он моякӯбӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон танҳо зидди пневмокок моякӯбӣ мешавад, ки он аз сирояти пневмококк, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмония) ва менингит низ муҳофизат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби либерал-демократи Русия солҳо ин ҷониб тақвияти назорат бар муҳоҷират ва маҳдуд кардани воридоти шаҳрвандони хориҷиро бо баҳонаҳои гуногун матраҳ мекунад. Роҳбари пешини он Владимир Жириновский аз сарсахттарин роҳбарони ин ҳизб буд, ки ҳамеша талаби назорати қатъии муҳоҷиронро дошт ва ҳамакнун, баъди марги ӯ, пайравонаш ин кори ӯро идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...