Иҷборӣ ва бо пули худ. Пайравони Жириновский пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон дар сарҳад воксинакӯбӣ шаванд

Вакилони Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии ба Русия сафардошта, дар сарҳади ин кишвар аз вируси менингококк – ангезандаи бемории менингит ба таври ҳатмӣ моякӯбӣ (васинакӯбӣ) шаванд. Дар Тоҷикистон аз ин беморӣ ба таври оммавӣ моякӯбӣ намешавад. Леонид Слутский, роҳбари ин ҳизб, ки бо ақидаҳои тунди зиддимуҳоҷирон шинохта шудааст, гуфтааст, ин пешниҳод […]

Asia-Plus

Вакилони Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии ба Русия сафардошта, дар сарҳади ин кишвар аз вируси менингококк – ангезандаи бемории менингит ба таври ҳатмӣ моякӯбӣ (васинакӯбӣ) шаванд. Дар Тоҷикистон аз ин беморӣ ба таври оммавӣ моякӯбӣ намешавад.

Леонид Слутский, роҳбари ин ҳизб, ки бо ақидаҳои тунди зиддимуҳоҷирон шинохта шудааст, гуфтааст, ин пешниҳод тавассути парлумони Русия ба Хадамоти муҳофизат аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати беҳдошт (Роспотребнадзор) ирсол мешавад.

“Муҳоҷирон бояд ба таври ҳатмӣ дар сарҳад, пеш аз вуруд ба Русия ва аз ҳисоби худашон маоякӯбӣ шаванд”, – гуфтааст Слутский.

Вируси менингококк — ангезандаи менингит – бемориест, ки метавонад боиси маъюбӣ ё марг шавад.

Дар Тоҷикистон алайҳи ин беморӣ ба таври оммавӣ моякӯбӣ намешавад. Аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии эмгузаронии муқобили бемориҳо” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон вояи зидди менингокок нест.

Танҳо онҳое, ки сафари ҳаҷ доранд, аз ин беморӣ моякӯбӣ мешаванд. Ба иттилои манбаъ, ин воя аз ҷониби Вазорати тандурустӣ харидорӣ шуда, зоирон моякӯбӣ мешаванд. Аммо ба қавли манбаъ, чунин воя дар муассисаҳои тиббии хусусӣ мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд аз он моякӯбӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон танҳо зидди пневмокок моякӯбӣ мешавад, ки он аз сирояти пневмококк, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмония) ва менингит низ муҳофизат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби либерал-демократи Русия солҳо ин ҷониб тақвияти назорат бар муҳоҷират ва маҳдуд кардани воридоти шаҳрвандони хориҷиро бо баҳонаҳои гуногун матраҳ мекунад. Роҳбари пешини он Владимир Жириновский аз сарсахттарин роҳбарони ин ҳизб буд, ки ҳамеша талаби назорати қатъии муҳоҷиронро дошт ва ҳамакнун, баъди марги ӯ, пайравонаш ин кори ӯро идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.