spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як модар дар Хуҷанд кӯдакашро дар гаҳвора нафасгир карда куштааст

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як модари 26-сола писарчаи ҳанӯз яксола ношудаи худро дар гаҳвора нафасгир карда куштааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҷавонзан ба далели ин ки робитааш бо марди дигарро аз шавҳараш пинҳон кунад, фарзанди аз марди дигар таваллудкардаашро бӯғӣ карда ба ҳалокат мерасонад.

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як навори видеоӣ, аз ин зан Мутриба Розиқова, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд ном бурда, мегӯяд, ки ӯ ба ҷурми одамкушӣ муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ин ҷавонзан, "23-уми апрели имсол бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳар фарзанди аз марди дигар таваллуд кардаашро бо роҳи маҷбурӣ ба ҳалокат расонидааст. Писарчаи хурдсоли ӯ, бояд 26-уми майи имсол 1-сола мешуд, вале дар гаҳвора аз дасти модари худ кушта шудааст.  

МЕДИА (YOUTUBE)

“Маълумот дар бораи ҷиноят замоне ба мақомоти таҳқиқу тафтишот дастрас гардид, ки кӯдаки солим ба таври ногаҳонӣ ба ҳалокат мерасад. Ва пайвандони бе ин ҳам ба рафтори келини хонадон шубҳа дошта ба табиӣ будани марги хурдсол бовар намекунанд. Зимни коркардҳои оперативӣ ва амалҳои тафтишии мақомоти милитсия ва прокуратура ҳақиқат доштани ин гумонро ошкор намуданд. То ин ки айби модари ҷавон пинҳон монад тавассути доштани роҳи нафас хурдсол дар дохили гаҳвора аз панҷаи дасти модари худ ба таври маҷбурӣ ба ҳалокат расонида мешавад. Ин фарзияест, ки тафтишоти пешакӣ тасдиқ менамояд”,-гуфта мешавад дар навори видеоии Раёсати умури дохилӣ.

Ҷавонзани дар куштори кӯдаки хурдсоли худ гумонбаршаванда низ, дар ин навор назди дурбини камера иқрор шудааст, ки “аз тарс ба ҳамин ҷиноят даст задам”.

Мақомоти додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса аз рӯйи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...