spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати тандурустӣ ба пайдо шудани сурхакони маймун омодагӣ мегирад

Ҳолати паҳншавии сурхакони маймун дар ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳи хоси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорат.

Дар робита ба маълумоти чанде аз расонаҳо бо истинод ба сардухтури бемористони Ҳироти Афғонистон Муҳаммад Ориф Ҷалолӣ дар бораи пайдо шудани ин беморӣ дар кишвари ҳамсоя Ҷаъфаров изҳор намуд, ки агар дар Афғонистон чунин сироятёфтагон бошанд ҳам, дар ҳама гуна ҳолат имкони роҳ ёфтани сурахкон ё худ обилаи маймун ба Тоҷикистон хеле кам аст, чунки сарҳадҳои мо бо ин кишвар бастаанд.

“Ҳамаи ҳолатҳои сироят дар бархе аз кишварҳо ҳоло хусусияти эпидемияро касб накарда, бештар дар қаламравҳои ҷудогона хосанд ва аз ин рӯ, тоҷикистониён набояд аз он нигарон бошанд”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин, дар сохторҳои марбутаи вазорат айни замон ҳамаи маводи марбут ба ин беморӣ таҳқиқ мешавад, “то ки сироятшиносони тоҷик омода бошанд”.

Зимнан таъкид шуд, ки дар мисоли пандемияи COVID-19 метавон гуфт, ки дар ҷумҳурӣ механизмҳои пешгирии чунин бемориҳо ба таври бояду шояд таҳия ва мавриди амал қарор доранд.

“Ҳамаи бемориҳои сироятие, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, таҳти назорати эпидемиологӣ қарор гирифта ва пайгирӣ мешаванд, – гуфт Ҷаъфаров.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон “сурхакони маймун” сабт нашудааст, ба таҳлука наафтед!

Дар Вазорат зикр карданд, дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ қаблан баҳри пешгирии сироят аз коронавирус тадбирҳо андешида шуда буданд ва “ин чораҳо ҷиҳати пешгирии вуруди ҳама гуна сироят ба кишвар то ҳол идома доранд”.

Қобили зикр аст, ки ҳоло дар кишварҳои минтақа ба ҷуз Афғонистон, дар бораи ошкор шудани ҳолатҳо ё далелҳои гумонбарӣ ба сироят аз сурхакони маймун хабарҳо нашр нашудааст.

Тибқи маълумоти омории онлайн оид ба сироят аз сурхакони маймун дар саросари ҷаҳон, то 31 май дар 23 кишвар ҳамагӣ 558 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Афғонистон дар ин рӯйхат зикр нашудааст.

Шумори чунин беморон аз ҳама бештар дар Бритониёи Кабир – 179, Испания – 120, Португалия – 96 ҳолат ба қайд гирифта шуда, инчунин чунин беморӣ дар сокинони Австрия, Австралия, Белгия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Нидерланд, Шветсия ва ИМА ошкор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ рӯзи 7 май дар Бритониёи Кабир сабт шуда, сипас ҳолатҳои нав дар Испания, Португалия, Олмон ва дигар кишварҳои дунё ошкор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...