ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 7 СЕНТЯБР
– Дар меҳмонхонаи “Румӣ” аз соати 10:00 то 18:00 намоишгоҳи анъанавии маҳсули дасти ҳунармандон баргузор мегардад. Дар ин намоишгоҳ метавон аз дастранҷҳои ҳунармандон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан ва харид кард. Даромад озод аст.
– Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлолият ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.
– Зулайхо Маҳмадшоева, Дилшоди Файзулло, Ҷаҳонгир Зарифов, Карлеоне соати 18:00 дар назди Маркази савдои “Сиёма Молл” консерт медиҳанд. Гурӯҳи овозадори “Иқбол” ҳам меҳмони хоси ин консерт хоҳад буд. Вуруд ройгон аст.
– Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола идома дорад. Он аз 3 то 9-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон давом мекунад. Барои роҳхат ба қисми ниҳоӣ тимҳои Тоҷикистон, Сурия, Филиппин ва Непал мубориза мебаранд. Ғолибони гурӯҳ ва чор дастаи беҳтарин аз ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ, ки моҳи январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
– Севинч Муминова, сарояндаи шинохтаи Ӯзбекистон соати 18:00 дар Амфитеатри пойтахт консерт медиҳад. Бо суруду оҳангҳои шӯху ҷаззоби ин сароянда метавонед шоми хушу хотирмоне дошта бошед. Чиптаро метавонед аз сомонаи ticketon.tj харид кунед.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 СЕНТЯБР
Соли 1934 – Дуюмин қуллаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ‐ қуллаи Ленин фатҳ гардид.
Соли 1994 – Матни нави Суруди миллии Тоҷикистон, ки муаллифи шеър Гулназар Келдӣ ва мусиқӣ Сулаймон Юдаков буд, тасдиқ гардид.
Соли 2004 – Созмони байналмилалии ЮНЕСКО шаҳри Душанберо “Шаҳри сулҳ” эълон кард.
Соли 2009 – Дар Душанбе беморхонаи хусусии Абӯалӣ ибни Сино ифтитоҳ шуд.
Соли 2017 – Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба бозори ҷаҳонии саҳҳомӣ ворид гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1946 – Мавлуди Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик.
Адаш Истад, адибу рӯзноманигори номвари тоҷик, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва бедорсозии худшиносӣ дар Тоҷикистон хидматҳои чашмрас анҷом додааст, дар берун аз Тоҷикистон низ ин рисолати худро иҷро намуд.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, солҳо дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Маданияти Тоҷикистон”, радиои Тоҷикистон, нашрияҳои “Овози Самарқанд”, “Овози тоҷик”, радиои “Озодӣ” ва радиои “Садои Хуросон” фаъолият кардааст. Адаш Истад узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш, ӯ ба мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст.
Соли 1947 – Зодрӯзи Қурбон Хоҷаев, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1951 – Зодрӯзи Матлубаи Мирзоюнус, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ ва профессор.
Матлубаи Мирзоюнус яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги тоҷик, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ ва профессор аст. Ӯ хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (соли 1980) буда, таҳсилро дар аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи А. Горкий идома додааст.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии ӯ дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷии донишгоҳ оғоз ёфта, сипас бо кафедраи адабиёти тоҷик идома ёфт. Солҳои 1992–1995 дар докторантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳсил намуда, бо раҳнамоии академик Муҳаммадҷон Шукуров рисолаи докториро таҳти унвони “Сабки фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷикӣ” ҳимоя кард.
Матлубаи Мирзоюнус дар мақоми роҳбарӣ низ таҷрибаи ғанӣ дорад: солҳои 1995–1997 профессори кафедраи адабиёти тоҷик, аз соли 1997 мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, солҳои 2008–2011 декани факултети филологияи тоҷик, соли 2011 директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ ва солҳои 2012–2016 муовини ректори ДДХ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буд. Аз соли 2016 то имрӯз ҳамчун профессор ва ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ фаъолияти худро идома медиҳад.
Ӯ дар таҳия ва нашри осори муҳим, аз ҷумла “Ҷавоҳир-ул-аҷоиб”-и Фахрии Ҳиравӣ, “Девон”-и Абулфазли Сирати Бухороӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ, ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз, Камол, Гулрухсор, Фарзона, инчунин осори шоирони бузурги ҷаҳонӣ чун Гёте, Пушкин, Ахматова саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 300 асари илмӣ ва публитсистӣ мебошад, ки масъалаҳои сабкшиносӣ, матншиносӣ, равобити адабӣ ва таърихи адабиётро дарбар мегиранд.
Соли 1956 – Зодрӯзи Сафар Айюбзодаи Маҳзун, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 2001 – Барно Исҳоқова овозхони яҳудитабори тоҷик, устоди бузурги Шашмақом дар синни 74 аз олам чашм баст.
Барно Исҳоқова баъди солҳо зиндагӣ дар Самарқанд ба Душанбе омадааст. Ӯ аз соли 1950 сарояндаи яккахони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон ва аз соли 1980 муаллими калони кафедраи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Ӯ яке аз шашмақомсароёни беҳтарин дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аст. Исҳоқова соли 1992 баъди фурӯпошии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба Исроил кӯч баст. 7 сентябри соли 2001 дар шаҳри Рамлеи Исроил аз олам даргузашт.
Барно Исҳоқова беш аз 100 суруду тарона аз силсилаи “Шашмақом” иҷро кардааст. Беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи ӯ “Насруллоҳӣ”, “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори ороми ҷон”, “Ҳусайнӣ”, “Насри Баёт” “Чоргоҳ”, “Ушшоқ” ва дигар сурудҳои Шашмақом аст.
“Ба дилбар”, “Мамлакати мо”, “Гулҷаҳон”, “Шунидам”, “Кокулат”, “Мафтуни чашмат” аз беҳтарин таронаҳои ӯянд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳавои тоза аст. Он бо қарор ва ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид соли 2019 таъсис ёфта, ҳамасола бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба мушкили ҷиддии ифлосшавии ҳаво ва таъсири он ба саломатии инсон таҷлил мешавад.
Ба гуфтаи олимон, аз се як сабаби маргҳо аз сактаи мағзӣ, бемориҳои музмини роҳҳои нафас, саратон ва ҳатто бемориҳои дилу раг маҳз ба ифлосии ҳаво марбут аст.
СММ даъват мекунад, ки кишварҳои ҷаҳон барои коҳиши партобҳои зараровари саноат ва нақлиёт чораҳои қатъӣ андешанд, зеро ҳавои тоза на танҳо омили муҳити зисти солим, балки кафолати саломатии худи башарият мебошад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии нобудсозии бозичаҳои ҳарбӣ низ аст. Ин сана аз соли 1988 ба ташаббуси Созмони ҷаҳонии кӯмак ба ятимон ва кӯдакони бепарастор таҷлил мешавад.
Идеяи баргузории он соли 1987 бо ҳадафи ташвиқи кӯдакон барои даст кашидан аз бозичаҳои ҳарбӣ ва иваз кардани онҳо бо бозичаҳои созандаву осоишта, мисли конструкторҳо, мошинчаҳо, лӯхтакҳо ё бозиҳои ҷамъиятӣ пешниҳод шуд.
Бо вуҷуди ин, баҳсу андешаҳое ҳам вуҷуд доранд, ки оё танҳо бозичаҳои ҳарбӣ дар ташаккули рафтори кӯдакон нақши манфӣ доранд ё дигар намуди бозичаҳои тарснок ва нохушоянд низ таъсиргузоранд? Аз ин рӯ, ин рӯз бештар ҳамчун як баҳона барои андеша кардан дар бораи нақши бозичаҳо дар тарбия ва рушди кӯдакон истифода мешавад.
7-уми сентябри соли 1923 дар Вена (Австрия) Созмони байналмилалии пулиси ҷиноятӣ – Интерпол таъсис ёфт. Аввал онро ҳамчун Комиссияи байналмилалии пулис мешинохтанд, вале баъдтар номи расмии Интерполро гирифт. Имрӯз Интерпол яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, зиёда аз 190 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, узви он мебошанд.
Ин созмон тибқи Оинномаи соли 1956 фаъолият мекунад. Вазифаи асосии он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узв дар мубориза бо ҷинояткорони байналмилалӣ мебошад. Фаъолияти Интерпол бештар ба мубориза бар зидди қочоқи байналмилалӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккил, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ бо асъору коғазҳои қиматбаҳо ва ҷинояткории киберӣ равона шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


