Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 25 СЕНТЯБР

– Имрӯз, соати 10:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 50-солагии ба нашр расидани қиссаи "Ривояти суғдӣ"-и устод Сотим Улуғзода нишасти илмӣ-адабӣ баргузор мегардад. Иштирок озод.

– Имрӯз, соати 10:00 дар Варзишгохи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври ниҳоии мусобиқаи футболи шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар он дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" бо ҳам рақобат мекунанд.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна”  идома дорад. Ин намоиш ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва имрӯз охирон рӯзи он аст.

Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 СЕНТЯБР

Соли 2006 – Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо фасод ҳамроҳ шуд.

Соли 2007 – Намояндагии САҲА дар Душанбе аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки тағйироти Кодекси ҷиноятӣ, ки озодии баёнро маҳдуд мекард, бекор намоянд.

Соли 2012 – Дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.

Соли 2013 – Дар маркази ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

Соли 2018 – Ҳукумати ҷумҳурӣ бо як қарори расмӣ таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳориро барои хонандагони мактаб барқарор кард. Ин таътилҳо чанд сол қабл бекор шуда буданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1938 – Мавлуди Нусрат Раҷабов, риёзидон, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 1940 – Зодрӯзи Хуршед Абдуллозода, физикдони тоҷик.

Соли 1994 – Баҳром Фирӯз, шоир, нависанда ва публисисти тоҷик дар синни 54 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳром Фирӯз

Баҳром Фирӯз аз зумраи нависандагонест, ки осораш дар сабки воқеъгароёна ва дар заминаи далелу арқом ва ҳодисаҳои рӯзмарраву тарҷумаиҳолӣ таълиф шудаанд.

Ӯ фаъолияти худро аз омӯзгорӣ дар Институти давлатии педагогии Ленинобод оғоз карда, сипас дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, газетаи “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, нашриёти “Маориф”, газетаи “Маданияти Тоҷикистон”, нашриёти “Адиб” кор кардааст.

Баҳром Фирӯз ба адабиёт бо таълифи шеър қадам ниҳода, чанд маҷумуаи ашъор низ таълиф кардааст. Бо навиштани ҳикояаш “Бобо” ӯ ба эҷоди наср шурӯъ кард ва сипас дар қатори нависанагони забардаст мақом гирифт.

 Повести “Рухсора”, китоби қиссаву ҳикояҳои “Ту танҳо не”, ҳикояҳои “Ҳақиқати талх”, “Аз арш то фарш”, “Тору пуд”, “Агар вай мард мебуд”, “Пеш аз шаби арӯсӣ”, “Муаллими сахтгир” маҳсули эҷоди ин нависандаанд.

Баҳром Фирӯз дар солҳои бозсозӣ ва истиқлоли Тоҷикистон фаъолияти бештари иҷтимоӣ нишон дод. Романи нотамоми “Ғафлатзадагон” ва маҷмуаи “Хотираи як муҳаббат” киноя ва танқиди сахтест нисбат ба вазъи ноҳинҷори ҷомеаи шӯравӣ.

Ӯ дар тарҷумонӣ низ дасти қавӣ дошта, матни қариб 50 филми бадеиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Баҳром Фирӯз 25-уми сентябри соли 1994 дар синни 54 ҷаҳонро тарк кард.

Соли 2016 – Мирзоюсуфи Фозил, олим ва орифи раббонӣ дар 60-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирзоюсуфи Фозил

Мирзоюсуфи Фозил маъруф ба “Эшони Мирзоюсуф” улуми ибтидоии исломӣро дар назди падараш Эшони Махдум, ки яке аз донишмандони маъруф дар водии Зарафшон ва Истаравшан будааст, фаро гирифтааст.

Мирзоюсуфи Фозил муддате имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар ноҳияи Мастчоҳи нав будааст. Худ низ ашъори ирфонии зиёде сурудааст, ки дар ду асари ӯ – “Меҳроби меҳр” ва “Наҷвои дил” гирд омадаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

25-уми сентябри соли 1945 ҷаҳиши рекордии парашютӣ аз стратосфера дар Иттиҳоди шуравӣ сурат гирифт. Василий Романюк, парашютчӣ ва озмоишгари ҳарбӣ онро анҷом дод, ки аз дастовардҳои бузурги ҳавонавардии ҳарбӣ ва фанноварии он замон ба ҳисоб меравад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷаҳиш аз баландии 13 108,5 метр (мувофиқи нишондиҳандаи барографҳо) срута гирифта, давомнокии афтиши озод (бе кушодани парашют) 167 сония буд.

25-уми сентябри соли 1818 дар таърихи тиб аввалин маротиба  хунгузаронӣ муваффақона сурат гирифт. Табиби бритониёӣ Ҷеймс Бланделл аввалин хунгузаронии муваффақонаро аз инсон ба инсон анҷом дод.

Он дар пайи ҳодисае иттифоқ афтод. Зане пас аз таваллуд хуни зиёд талаф дода буд ва барои наҷоти ҷони ӯ Бланделл хунро аз шавҳараш ба ӯ гузаронд. Ин амал барои он замон ғайриоддӣ ва хатардор ҳисоб мешуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бланделл дар асоси ин таҷриба асбобҳои махсуси хунгузаронӣ ихтироъ кард, хатарҳои асосиро, хуни носозгор (incompatible)-ро муайян намуд. Имрӯз Бланделлро яке аз поягузорони гемотрансфузияи муосир ва эҳёи педиатрӣ медонанд.

Ҳамасола 25-уми сентябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дорусозон (World Pharmacists Day) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба нақши муҳими фармасевтҳо ва мутахассисони дорусозӣ дар ҷомеа бахшида шудааст.

Санаи таҷлили ин рӯз ба таърихи таъсиси Федератсияи байналмилалии дорусозон (FIP) созмоне, ки манфиатҳои кормандони соҳаи дорусозиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоя мекунад, рабт дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин имрӯз дар бисёре аз кишварҳои дигар Рӯзи комиксҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз ба жанри адабиёти тасвирӣ бахшида шуда, имрӯз ба як қисми муҳими фарҳанги оммавӣ табдил ёфтааст.

Уилям Ҳогарт яке аз пешсафони жанри комикс дониста мешавад, ки достонҳоро дар шакли пайдарпайи расмҳо тасвир мекард. Вилгелм Буш шеърҳои ӯро бо тасвирҳои мазҳакавӣ илова мекард ва ба пайвасти графика ва шеър асос гузошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...