Тағйироти кадрӣ дар сохтори додгоҳӣ. Кӣ аз вазифа озод шуду кӣ мақоми нав гирифт?

Date:

Имрӯз, 1-уми октябр, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар иҷлосияи сеюм, даъвати ҳафтум пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи тағйироти кардрӣ дар додгоҳҳои кишвар тасдиқ намуд.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Карим Каримзода аз вазифаи муовини раиси Додгоҳи конститутсионӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Дилором Абдураҳимзода таъин шуд. Сабаби бозхонди Карим Каримзодарасидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” гуфта шудааст. Номбурда соли 2015 ба ин мақом таъин шуда буд.

Дилором Абдураҳимзода, соли 1970 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ фаъолиятро дар мақоми додгоҳӣ ҳамчун котиби маҷлиси судӣ дар Додгоҳи вилояти Кӯлоб оғоз карда то ба вазифаи додрас расидааст.

Солҳои 1995-2000 ҳамчун додраси Додгоҳи шаҳри Кӯлоб, солҳои 2000-2007 додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе адои вазифа кардааст.

Як муддат ба ҳайси муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Тибқи фармони раисҷумҳур, соли 2018 ба вазифаи додраси Додгоҳи конститутсионӣ таъин шуда, то имрӯз дар ин мансаб кор кардааст.

Ҳамчунин, Алифмо Хушмаҳмадзода, Насиба Ҷуразода, Мавҷуда Пӯлодӣ –бо сабаби ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан, Шаҳло Ваҳобзода ва Маҳмадҷон Оймаҳмадзода, бинобар ба анҷом расидани муҳлати ваколат аз мансаби додраси Додгоҳи олӣ, озод карда шуданд.

Ба ҷойи онҳо Мавлудахон Мирзозода, Ҳусейн Баротзода, Ҷалолиддин Азизӣ, Манучеҳр Мирзозода ва Хисрав Раҳимзода ба вазифаи додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Мавлудахон Мирзозода, бо фармони раисҷумҳур солҳои 2005 то 2011 ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо як фармони дигар соли 2011 додраси Додгоҳи вилояти Суғд таъин гардидааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ааз чап ба рост: Муҳаммадҷон Соҳибзода, Хисрав Раҳимзода, Бахтиёр Наимзода ва Парвина Раҷабзода

Номбурда ду маротиба ба вакилии парлумони кишвар интихоб шудааст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Ҳусейн Баротзода, ҳашт сол инҷониб дар вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Рашт фаъолият мекард.

Ҷалолиддин Азизӣ, то соли 2022 дар вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ва се соли ахир дар мақоми додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон фаъолият мекард.

Манучеҳр Мирзозода, пештар дар мақоми додраси Додгоҳи ноҳияи Рӯшони ВМКБ кор кардааст ва давоми ҳафт соли охир дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун додрас кор мекард.

Хисрав Раҳимзода, дар гузашта дар вазифаҳои додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва муовини раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе кор мекард ва шаш соли охир дар мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Инчунин Парвина Раҷабзода, бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати додрасӣ аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд гардида, дубора ба ин мақом интихоб шуд.

Хисрав Раҳимзода, Бахтиёр Наимзода аз вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва Дилором Абдураҳимзода, аз вазифаи додраси Додгоҳи конститутсионӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, озод гардиданд.

Ҳамчунин Саидалӣ Раҳмонзода аз мансаби муовини раиси Додгоҳи олӣ – раиси  Коллегияи ҳарбӣ, озод гардида, ба мақоми муовини якуми раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ таъин гардид.

Ба ҷойи ӯ Ҳотам Раҷабзода, ки то ин муддат дар мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард, ба мақоми муовини раиси Додгоҳи олӣ – раиси  Коллегияи ҳарбӣ, таъин гардид.

Ҳотам Раҷабзода дар гузашта раиси Додгоҳи ҳарбии горнизони Душанбе буд ва ду сол ба мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардида буд.

Муҳаммадҷон Соҳибзода ба мақоми додраси Додгоҳи конститутсионӣ таъин гардид.  Муҳаммадҷон Соҳибзода бо фармони раисҷумҳур аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ бозхонд шуда буд. Ӯ соли 2020 ба ин мақом таъин шуда буд.

Ахиран моҳи марти имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон дар сохторҳои мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода буд. Аз ҷумла раиси додгоҳи ВМКБ ва раисони додгоҳи як қатор шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иваз шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъиншуда барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати додгоҳӣ ва волоияти қонун ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузошта буд.

Дар гузашта, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори додрасҳо сахт интиқод карда, чанд нафари онҳоро ҳам бо сабаби паст задани шаъну шарафи додрас аз вазифа сабукдӯш гарда буд. Ҳамчунин, чанде аз додрасҳои кишвар ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...