spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ширкати намояндагони ВКХ ва МТС дар конфронси “Толибон” дар Тошканд

Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ", ки бо ширкати “Толибон” дар шаҳри Тошканд мегузарад, як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар сатҳи сардори раёсат ва як корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКХ хабар доданд.

Манбаъ нагуфт, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар ин конфронс суханронӣ мекунанд ё не.

Танҳо афзуд, мавқеи Тоҷикистон дар робита ба шинохт ва эътирофи ҳукумати муваққатии “Толибон” тағйир накардааст ва то ба ҳол ба он мавқеянд, ки  раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мавриди шинохти “Толибон” таъкид менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон, дирӯз, дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз кард, ки то 26 июл давом мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Испания, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Норвегия, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, Ҷопон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Толибон” умедворанд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад

Ғайр аз ин, дар кори конфронс иштироки раҳбарият СММ, намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дар назар аст.

Ба сурати умум, дар кори ин конфронси байнулмилалӣ ҳудуди 100 ҳайати кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.

Қаблан, “Толибон” изҳори умедворӣ крада буданд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад ва ба интизориҳову талаботи ҳукумату мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

"Умедворем, ки дар ин нишаст ниёзҳои мардум ва ҳукумати Афғонистон, роҳҳои ҳалли мушкилоти кишвар баррасӣ хоҳад шуд", – иброз дошта буд муовини намояндаи расмии “Толибон” Билол Каримӣ дар суҳбат бо “Eadaily”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...