Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?

Имрӯз, 14-уми ноябр дар пайи як тағйироти кадрӣ, Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз мансаб озод ва ба ҷои ӯ Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки то индам муовини шаҳрдори Душанбе буд, вазири нави рушди иқтисод ва савдои кишвар таъин гардид. Завқӣ Завқизода ба ҷои Фаррух Ҳамрализода сафири нави Тоҷикистон дар Амрико таъин шудааст. Дар ин бора […]

Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми ноябр дар пайи як тағйироти кадрӣ, Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз мансаб озод ва ба ҷои ӯ Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки то индам муовини шаҳрдори Душанбе буд, вазири нави рушди иқтисод ва савдои кишвар таъин гардид.

Завқӣ Завқизода ба ҷои Фаррух Ҳамрализода сафири нави Тоҷикистон дар Амрико таъин шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод

Фаррух Ҳамарализода 5 соли охир сафири ИМА буд ва ҳоло маълум нест, ки ба чӣ мансабе таъин шудааст. Ӯ дар гузашта раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон кор кардааст.

 

Сафирони нав дар Фаронса, Италия ва Австрия

Ҳамчунин, бо фармони президент, Ҷамолиддин Убайдулло, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва Италия буд, аз вазифаи сафир дар Фаронса озод шудааст.

Аммо ӯ сафири Тоҷикистон дар Италия боқӣ мемонад.

"Ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон дар Италия сафорати худро боз кардааст ва бори аввал сафири алоҳидаи Тоҷикистон дар ин кишвар таъин шуд", – гуфт манбаъи мо. 

Ба ҷои Убайдуллоев дар курсии сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода таъин шудааст. Ҷамшед Ҳомидзода то ин дам сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари калонии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе моҳи январи соли 2018 сафири Тоҷикистон дар Фаронса таъин шуда буд.

Вай дар гузашта сардори раёсати консулӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбари раёсати   кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буд.

Бо фармони дигари президент, Идибек Қаландар, ки аз соли 2017 ин сӯ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия/Намояндаи доимӣ дар САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Вена буд, озод гардид. Ба ҷойи ӯ Манучеҳр Ҷобир сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин шудааст.

 

Консулҳои нав дар Русия ва аввалин зан – консули генералӣ дар таърихи Тоҷикистон

Хадамоти матбуотии президенти кишвар менависад, ки бо розигии президент консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Русия "аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд".

Тибқи иттилои дарёфтӣ, яке аз консулҳои навтаъин Зарина Исмоилзода аст, ки консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирски Русия таъин шуд. Ӯ пеш аз ин, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ буд.

Гуфта мешавад, ки дар таърихи дипломатияи тоҷик бори аввал як зан ба вазифаи консули генералӣ таъйин шуд. 

Исмоилзода Зарина хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро буда,  дорои дараҷаи доктори илмҳои сиёсӣ мебошад ва фаъолияти худро дар Вазорати корҳои хориҷӣ соли 2002 оғоз кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъин, ба роҳбари нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас додааст.

"Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд", – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.