Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 декабри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1957 – Фабрикаи ҷӯроббофии Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1997 – Дар Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли ришта ва матоъҳои ҷинсӣ – Kabool Tajik Textiles ба кор даромад.

Соли 2010 – Дар вилояти Хатлон ҳангоми дастгир намудани маҳбусони фирорӣ се корманди сохторҳои қудратӣ кушта шуданд.

Соли 2011 – Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи имтиёзҳо” дар таҳрири нав қабул гардид.

Соли 2016 – Маҷлиси намояндагон “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон”-ро то соли 2030 қабул кард.

Соли 2020 – Сохтмони шоҳроҳе, ки пойтахтро бо маҳаллаи Чортут мепайвандад, оғоз ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1899 – Зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистони шӯравӣ дар тақсимбандии Осиёи Миёна, бунёд ва сохтмони Тоҷикистон, таъсиси аввалин рӯзномаву нашрияҳои тоҷикӣ, мактабҳои миёна ва олӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои Тоҷикистони ҷавон, ки ҳамеша дар зери тазъиқу фишори пантуркистон қарор дошт, хидмати сазовор анҷом додааст.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ талоши Шириншоҳ Шоҳтемур барои эъмори давлатдории тоҷикон ва саҳмаш дар нигоҳдории тоҷикият бориз арзёбӣ мешавад. Ӯ дар ташкили якумин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон – “Овози тоҷик”, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд, инчунин дар чопи аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои шӯравӣ хидмат кардааст.

Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани макотиб дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ будааст.

Бо вуҷуди талошу заҳмат баҳри пойдор кардани ҳукумати Шуравӣ ва дар сулҳу амон нигоҳ доштани мардуми тоҷик дар як рӯз фарзанди сарсупурдаи миллат ноҳақ душмани халқ эълон шуд. Ӯ аввал ба ҳабс гирифта шуда, ниҳоят 27-уми октябри соли 1937 ба қатл расонида шуд.

Дар бораи корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар матлаби зерини “Азия-плюс”, ки соле пеш ба муносибати 125-солагиаш таҳия шуда буд, мутолиа кунед: “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон

Соли 1951 – Зодрӯзи Шоҳтолиб Шоҳқосимов, журналисти тоҷик.

Соли 1955 – Мавлуди Нуриддин Шарипов, омӯзгор ва донишноманависи тоҷик.

Соли 1963 – Зодрӯзи Рустам Комилов, шарқшинос ва файласуфи тоҷик.

Соли 1971 – Мавлуди Саидмуқим Ибодзода, колбадшинос, доктори илмҳои тиб.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 1-уми декабр дар ҷаҳон Рӯзи мубориза бо Вирӯси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1988 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Маҷмааи умумии СММ расман қабул гардид. Он яке аз муҳимтарин ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи ВНМО, дастгирии беморон, гиромидошти хотираи қурбониёни ин беморӣ ва таъкид бар зарурати пуштибонии роҳҳои табобат ва пешгирии он аст.

Бемории ВНМО аввалин маротиба 5-уми июни соли 1981 аз ҷониби Маркази назорати бемориҳои Амрико ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, айни ҳол дар ҷаҳон зиёда аз 37,7 миллион нафар бо вируси норасоии масуният зиндагӣ мекунанд ва тақрибан чоряки онҳо аз вазъи худ бехабаранд.

1-уми декабр инчунин Рӯзи табибони асабшинос ҷашн гирифта мешавад Ин рӯзро табибон, олимон ва мутахассисоне, ки фаъолияти онҳо ба омӯзиш, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои системаи марказӣ ва канории асаб равона шудааст, таҷлил мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯз нақши муҳими ин гурӯҳи мутахассисонро дар таъмини саломатии инсон таъкид месозад, зеро бемориҳои асаб аз мушкилоти ҷиддии тибби муосир ба шумор мераванд.

1-уми декабри соли 1800 шаҳри Вашингтон расман пойтахти Амрико эълон шуд. Тибқи қарори Конгресс аз 16-уми июли 1790, бояд дар соҳили рӯди Потомак шаҳри нав бо масоҳати 26 километр мураббаъ бунёд мегардид. Ҷорҷ Вашингтон, аввалин президенти Амрико шахсан макони сохтмони пойтахтро интихоб кард. Минтақаро ба ифтихори Христофор Колумб округи Колумбия ва шаҳрро ба номи худи президент Вашингтон номиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Вашингтон маркази сиёсӣ ва маъмурии кишвар аст. Дар он Кохи Сафед, бинои Конгресс, Додгоҳи олӣ, идораҳои федералӣ, даҳҳо муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, донишгоҳҳо ва зиёда аз сад осорхона ҷойгир аст.

1-уми декабри соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис дода шуд. Ин созмон занонро дар саросари ҷаҳон новобаста аз миллат, нажод, дин, забон ё ақидаҳои сиёсӣ муттаҳид мекунад.

Дар Оинномаи созмон зикр мегардад, ки ҳадафи асосии он мубориза барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандии занон, ҳимояи ҳуқуқи модарон ва занони коргар, таъмини некӯаҳволии кӯдакон ва пуштибонӣ аз сулҳу демократия аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 9+14º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 10+12º гармд.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 7+9º гарм.   

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...