ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ДЕКАБР
Соли 1932 – Роҳи мошингарди Душанбе – Ғарм ба истифода дода шуд.
Соли 1956 – Гидроагрегати якуми нерӯгоҳи обӣ-барқии Қайроққум “Дӯстии халқҳо” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 1972 – Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.
Соли 1997 – Ҳавопаймои ТУ-154-и хатсайри “Хуҷанд-Шарҷа” ба садама дучор гардида, ба ҷуз як штурман, дигар мусофирону ҳайати халабононаш ба ҳалокат расиданд.
Соли 2009 – Тоҷикистону Русия дар бораи тартибу шароитҳои таъсис ва фаъолияти филиалҳои макотиби олии Русия дар Тоҷикистон ва макотиби олии Тоҷикистон дар қаламрави Русия созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расониданд.
Соли 2011 – Дар шаҳри Берлин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2006 – Дар ҷойи сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтуда-1 ҷараёни дарёи Вахш баста шуд.
Соли 2007 – Дар Душанбе ёдгории ҷанговарони Қазоқистон, ки ҳангоми адои хизмат дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Тоҷикистон кушта шудаанд, гузошта шуд.
Соли 2017 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарори истифодаи ройгони ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятиро барои нафақахӯрони аз 75-сола боло имзо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1908 – мавлуди Муҳаммадамин Холматов, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон
Соли 1915 – Зодрӯзи Додоҷон Аҳмедов, нахустин эндокринологи тоҷик, доктори улуми тиббӣ, Табиби шоистаи ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1912 – Мавлуди Сафар Амиршоев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.
Сафар Амиршоев иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аст. Номи Сафар Амиршоев якҷо бо қаҳрамоние, ки дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доду ҳалок гардид, дар таърих сабт гардидааст. Ӯ дар ҷанги шадид дар таърихи 16 июли соли 1944 канори шаҳрчаи Жожмаряйи Литва бо душман ҷангида, ду танки душманро тарконд ва худ дар натиҷаи таркиш ба ҳалокат расид. Вале корнамоии ӯ дар саҳфаҳои заррини таърих сабт гардид ва ӯ бо нишонҳои “Ленин”, “Ситораи Сурх”, “Барои шуҷоат” ва “Барои мудофиаи Сталинград” қадрдонӣ шуд.
Соли 1931 – Зодрӯзи Шоҳин Боев, нависанда.
Соли 1933 – Мавлуди Саидхоҷа Азизов, олими фанни математика.
Соли 1933 – Зодрӯзи Бобо Насриддинов, нависанда.
Соли 1936 – Мавлуди Қумрӣ Қодирова, сароянда.
Соли 1937 – Зодрӯзи Абдулхайр Усмонов, устоди варзиши ИҶШС.
Соли 1949 – Мавлуди Зариф Шарифов, профессор.
Соли 1953 – Зодрӯзи Иззатбек Идиев, шоир.
Соли 1957 – Зодрӯзи Кароматулло Холиқов, ҳуқуқшинос.
Соли 2018 – Исо Абдурашидов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Исо Абдурашидов ҳунарманди театр ва синамои тоҷик буда, қариб 20 сол директори Театри давлатии академии драмавии тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд.
Исо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши Ёдгор дар “Дохунда”, Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур дар “Рӯдакӣ”, Қиёмиддин мударрис дар Алломаи Адҳам”, Шпигелберг дар “Роҳзанҳо”, Эдмунд дар “Шоҳ Лир”, майор Собиров дар “Нахҳои печида”, Муборакхон дар “Фарёди ишқ”, домулло дар “Чорсӯ”, Исмоили Сомонӣ намунаҳои нақшҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.
Дар синамо бошад нақшҳои Азизбек “Воқеа дар фурудгоҳ”, лейтенанти калон дар “Қапқон барои шағолҳо”, Саид оҳангар дар “Дарди ишқ”, Абдураҳмонов дар “Маънии ҳаёт”-ро офаридааст.
Санаҳои муҳими ҷаҳонӣ
Ҳар сол 15 декабр дар ҳамаи кишварҳое, ки мақоми истеҳсолкунандагони чойи ҷаҳонро доранд, рӯзи байналмилалии чой ҷашн гирифта мешавад. Чой яке аз қадимтарин нӯшокиҳои рӯйи Замин буда, ба андешаи олимон соли 2723 пеш аз милод дар Чин пайдо шудааст.
Имрӯз Рӯзи таъсиси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист ҷашн гирифта мешавад. Ин ташкилот мақоми асосии СММ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист буда, 15 декабри соли 1972 таъсис ёфтааст. Ба вазифаҳои асосии ин ташкилот таҳияи барномаи ҷаҳонии экологӣ ва мусоидат ба татбиқи он дар доираи СММ, ҳифзи олами табиии ҷаҳон, рушди муносибатҳои шарикӣ бо дигар воҳидҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои илмӣ, ҷавонон ва дигар ташкилотҳои хусусӣ ба фаъолияти экологӣ аст.
15-уми декабри соли 1926 тамғаи ширкати автомобилсозии Škoda (“Шкода”) ба қайд гирифта шуд. Соли 1869 муҳандиси чех Эмил Шкода як корхонаи хурди механикиро дар шаҳри Плзен (Ҷумҳурии Чех) харид. Бо гузашти вақт ин корхона ба яке аз бузургтарин корхонаҳои мошинсозии Империяи Австро-Венгрия табдил ёфт. Соли 1905 дар он ҷо истеҳсоли мошинҳои боркаши ҳарбии вазнин оғоз гардид.
Аз соли 1919 корхонаи Škoda Auto ба яке аз корхонаҳои пешсафи Чехословакияи навтаъсис табдил ёфт. Тобистони соли 1925 марҳилаи нави рушди ширкат оғоз ёфта, 15-уми декабри соли 1926 ширкати автомобилсозии Škoda ба қайд гирифта шуд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 3+8º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқӣ барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона -4+1º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон борида, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 4+6º гарм.


