Муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб Абдуҷабор Холиқов ба гумони даст доштан дар азхудкунии қариб 900 ҳазор сомонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, замони ифои вазифа дар ин мансаб ӯ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳисибӣ дар бораи музди меҳнати кормандон 892,9 ҳазор сомониро азхуд намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Дар хабари Агентӣ доир ба дар кадом давра азхуд шудани ин маблағ ва кай боздошт шудани мансабдор хабар дода намешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба Холиқов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ва камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.