ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад. Соли 2007 маҳз дар ҳамин рӯз ин Агентӣ таъсис ёфтааст. Аз соли 2017 инҷониб 10 январ ҳамчун иди касбии кормандони ин идора таҷлил мешавад.
Соли 1935 – Дар Тоҷикистон ноҳияи Регар таъсис дода шуд. Ин ноҳия 7-уми феврали соли 1978 расман ба ноҳияи Турсунзода тағйири ном кард ва дертар мақоми шаҳрро гирифт.
Соли 1965 – Фабрикаи қаннодии “Ширин” дар Душанбе расман ифтитоҳ гардид.
Соли 2001 – Тоҷикистон бо Фонди Кувайт оид ба ҷудо намудани 16,25 миллион доллар қарз барои сохтмони шоҳроҳи “Шкев-Зиғар” созишнома ба имзо расонид.
Соли 2003 – Саидбек Чолов, ки муовини сардори Раёсати гумруки шаҳри Душанбе буд, бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум гардид. Тибқи иттилои манбаъҳо, парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бар асоси иттиҳомоти марбут ба қонуншиканиҳои молиявӣ ва фасодкорӣ оғоз шуда буд.
Соли 2014 – Қисми аввали Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо иқтидори 50 мегаватт/соат ба истифода дода шуд.
Соли 2021 – Ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ба Кодекси оила ҷиҳати маҳрум кардан аз ҳуқуқи волидайнӣ барои хушунати ҷинсӣ тағйирот ворид карда шавад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1918 – Зодрӯзи Самариддин Саъдиев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Самариддин Саъдиев яке аз чеҳраҳои мондагори санъати театру синамои тоҷик буда, бо иҷрои нақши мӯзадӯз дар филми бадеӣ-мазҳакавии “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст.
Ӯ ҳанӯз дар 13-солагӣ вориди олами санъат шуд ва дар театри “Кӯккӯйлак”-и шаҳри Самарқанд ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард. Замони дар омӯзишгоҳи мусиқавии шаҳри Тошканд таҳсил карданаш низ дар театри “Малые формы” (“Нақшҳои хурд”)-и шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ мекард.
Ӯ соли 1936 бо даъвати Тоҷикистон ба Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ омад. Соли 1940 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, ки нав ташкил гардид, ба фаъолият оғоз кард ва баъди ду сол ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон омад ва қариб 30 сол, то соли 1970 дар он ҳунарнамоӣ кардааст.
Номбурда муддате дар Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун коргардони намоишҳо барои бачагон низ кор кардааст.
Ҳамчунин дар як қатор филмҳои маъруфи тоҷикӣ – “Вақти зангирии писар расид”, “Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…”, “Тӯфон дар водӣ”, “Бо завқ нигоҳ кун” нақш офаридааст.
Ӯ 29-уми майи соли 1983 дар синни 65-солагӣ даргузашт.
Соли 1930 – Мавлуди Нусратулло Абдулҳақов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Нусратулло Абдулҳақов, ки дар гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд, фаъолияташро аз соҳаи маориф оғоз кардааст. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон ба омӯзгорӣ пардохт.
Аз соли 1950 роҳи ӯ ба ҳизб боз шуд ва ӯ котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон таъин шуд. Баъдан, дар солҳои 1952–1953 ба ҳайси мудири шуъбаи Комитети Ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия фаъолият кард. Солҳои минбаъда ӯ вазифаҳои масъули ҳизбиро дар ноҳияҳои Данғара ва Даштиҷум бар уҳда дошт.
Соли 1961 раиси комиҷроияи ноҳияи Шаҳритуз ва сипас котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб буд.
Аз соли 1965 Нусратулло Абдулҳақов дар вазифаҳои котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои вазирон ва ҳамзамон раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ кор кардааст. Соли 1965-1972 роҳбари Комитети назорати халқии ҷумҳурӣ буд, ки яке аз сохторҳои муҳими назоратӣ ба шумор мерафт.
Қуллаи фаъолияти хизматии ӯ ба солҳои 1972-1980 аст, замоне ки Нусратулло Абдулҳақов вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Номбурда соли 2004 дар синни 74 даргузашт.
Соли 1930 – Зодрӯзи Борис Наматиев, ҳунарпешаи театр, овозхон ва навозанда.
Борис Наматиев, ҳунарманди маъруфи театри тоҷик ва овозхони “Шашмақом” аст. Ӯ аз зумраи шахсиятҳои намоёни яҳудиёни Бухорост, ки дар асри 20 дар пешбурди фарҳанги тоҷикӣ хидмати зиёд доштаанд.
Ӯ соли 1930 дар Бухоро ба дунё омада, ҳанӯз дар синни 14-солагӣ ба ҳунарнамоӣ дар театри тамошобини ҷавони Бухоро ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1948, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, Наматиевро ба театри Лоҳутии шаҳри Душанбе даъват карданд. Ӯ ибтидо дар ин театр ҳамчун доирадаст кор мекард, вале як рӯз иттифоқан, вақте иҷрокунандаи нақши асосии намоишномаи “Шаби ҳафтум” (бар асоси қиссаҳои “Ҳазору як шаб”) бемор шуд, ин нақшро ба Наматиев супурданд. Ӯ ҳамин тавр ба ҳунарпешагӣ дар ин театр оғоз кард ва беш аз 40 сол, то соли 1992, замони ба Исроил кӯчиданаш аз саромадони театри академии Лоҳутӣ буд.
Борис Наматиев соли 1970 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 1989 баъди намоишномаи “Шамшер ва сухан” унвони Ҳунарманди мардумии кишварро ба даст овард.
Ӯ ҳамчунин, аз хонандаҳои эътирофшудаи “Шашмақом” буд ва дар соли 1988 албоми таронаҳояшро бо номи “Зулфи парешон” ва дар соли 1990 албоми дувумашро нашр кард.
Наматиев моҳи январи соли 2016 дар Байтулмуқаддас дар синни 86 даргузашт.
Соли 1947 – Зодрӯзи Исомиддин Салоҳиддинов, ходими давлатӣ, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон.
Исомиддин Салоҳиддинов яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ барои муддате роҳбарии Анҷумани форсизабонони “Пайванд”-ро бар дӯш дошт ва дар ин мақом ба тақвияти равобити фарҳангиву идеологӣ миёни форсизабонон саҳм гузошт.
Пештар Исомиддин Салоҳиддинов тақрибан ду сол раиси шаҳри Панҷакент буд. Солҳои 1998-2001 ӯ ба ҳайси мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои равобит бо ҷомеаи байналмилалӣ фаъолият кардааст.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буда, муддате дар ҳамин донишгоҳ ба омӯзгорӣ низ машғул буд.
Дар давраи Шӯравӣ Исомиддин Салоҳиддинов вазифаи дабири Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти шаҳри Душанберо иҷро кардааст. Ҳамчунин соли 1995 узви парлумони Тоҷикистон интихоб шуда, муддате роҳбарии бахши сохтмони давлатиро низ ба уҳда дошт.
Салоҳиддинов 5-уми ноябри соли 2016 дар 67-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 1947 – Зодрӯзи Шодӣ Солеҳ, ҳунарпешаи шинохта, коргардон ва драматурги тоҷик.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи Маскав буда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз кард ва қариб 20 сол он ҷо фаъолият дошт. Соли 1988 директори Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ таъин шуд, танҳо ду сол дар ин мансаб монд. Аз соли 1990 то ҳол дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамчун ҳунарпеша, коргардон ва драматург фаъолият дорад.
Шодӣ Солещ бо иҷрои як қатор нақшҳо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома дар санъати театру синамои тоҷик худро муаррифӣ кардааст. Солеҳов дар филмҳои “Ҳафт домоди рабудашуда”, “Достони Сиёвуш”, “Ашк ва шамшер” нақш офарида, худ намоишномаҳои “Муҷассама”, “Ятимҳои бехона”-ро рӯйи саҳна овардааст.
Ӯ махсусан дар жанри ҳаҷв ҳунари воло дошт ва дар садҳо намоишномаву саҳнаҳои ҳаҷвии телевизонӣ нақш бозидааст.
Ҳамчунин муаллифи 20 асари саҳнавӣ, 200 саҳначаи хурди ҳаҷвӣ ва беш аз 100 сенарияи телевизионию радиоӣ аст.
Соли 1950 – Мавлуди Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазири кишвар ва фармондеҳи собиқи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.
Абдураҳмон Азимов дар давоми фаъолияти худ дар қудрати низомӣ ёвари раиси Кумитаи амнияти миллӣ, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва солҳои 1996 – 1999 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Азимов инчунин вакили палатаи поёнии парлумон буд ва дар он Кумита оид ба мудофиа ва амниятро сарварӣ мекард.
Ӯ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб муддате муаллим ва сипас раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи ин донишгоҳ, сипас нозири Комитети Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб, корманди Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон ва ёвари сардори идораи Комитети амнияти миллӣ буд. Соли 1993 сардори идораи КАМ дар Хатлон ва соли 1996 Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1999 дар ин мансаб буд.
Ӯ 15-уми майи соли 2020 аз бемории дил дар синни 70-солагӣ даргузашт.
Соли 1950 – Зодрӯзи Атобек Амирбеков, математик, муаллифи китобҳои илмию методӣ барои хонандагони мактаб.
Соли 1955 – Зодрӯзи Абдушукур Раҷабзод, донишноманавис.
Яке аз муаллифони “Энсиклопедияи милли тоҷик”. Ӯ яке аз қомуснигорони маъруфи кишвар буда. Махсусан дар илми тиб ва биология асарҳои зиёд таълиф намудааст.
Аз ҷумла дар табъу нашри китоби ҳаштҷилдаи “Энсиклопедияи Советии Тоҷик”, “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ва як қатор донишномаҳои дигари соҳавӣ низ саҳми арзанда дорад.
Соли 1958 – Мавлуди Рустам Аҳадов, коргардони филм, садобардор.
Соли 1958 – Зодрӯзи Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор, муҳаққиқи таърихи журналистика.
Қироншоҳ Шарифзода рӯзноманигори маъруф, муҳаққиқи таърихи журналистика ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ фаъолияти касбии худро аз рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз намуда, солҳои зиёд дар нашрияи парлумонии “Садои мардум” ҳамчун шореҳ фаъолият дошт.
Қироншоҳ Шарифзода муаллифи 8 китоб ва тадқиқоти амиқ дар соҳаи таърихи журналистика, аз ҷумла рӯзномаи аввалини тоҷикӣ – “Бухорои шариф” мебошад. Ӯ устоди вораста ва шахсияти шариф дониста мешавад, ки дар тарбияи наслҳои нави рӯзноманигорон саҳми бузург гузоштааст.
Пиромуни зиндагӣ ва эҷодиёту фаъолияти ӯ дар маводи Инсони шарифу рӯзноманигори вораста. Қироншоҳ Шарифзода 66-сола шуд, ки соле пеш “Азия-Плюс” бахшида ба мавлудаш нашҳр карда буд, мутолиа кунед.
Соли 1961 – Зодрӯзи Давлатшоҳ Гулмамадзода, сафири ҳозираи Тоҷикистон дар Русия ва муовини пешини сарвазири Тоҷикистон.
Ӯ яке аз чеҳраҳои матраҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода солҳо ба дар бахши заминсозии кишвар, аз ҷумла, раиси Кумитаи заминсозии кишвар (2001-2006), баъдтар директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати Тоҷикистон (2006-2008), сонитар қариб 7 сол раиси вилояти Хатлон (2013-2019), ҳамчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист (2019-2020) кор кардааст.
Аз соли 2020 то 2021 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Аз августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия мебошад.
Соли 1964 – Зодрӯзи Абдушариф Боқизода, донишманд ва ховаршиноси тоҷик.
Абдушариф Боқизода яке аз пажӯҳишгари улуми исломӣ буда, таърихи исломро омӯхта, асарҳои зиёде дар ин ришта таълиф кардааст. “Таърихи ислом”, “Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият”, “Тафсири навини Қуръони карим” аз ин қабиланд.
Солҳои охири зиндагиаш ӯ дар Энсиклопедияи миллии тоҷик фаъолият мекард ва 27 сентябри соли 2024 дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1997 – Ашӯр Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.
Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, пеш аз таҳсил дар донишгоҳ муддате омӯзгорӣ ва баъди хатми таҳсил дар шуъбаи маориф, рӯзномаи “Ҳақиқати Кӯлоб” кор карда, муддате директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб буд.
Номбурда дар тамоми ин муддат аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибилмон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъори ӯ “Ибтидои роҳ” унвон дошта, сипас шеъру қиссаҳояш, ки ҷанбаи пурқуввати лирикиву иҷтимоӣ доштанд, дар маҷмӯаҳои “Илҳом”, “Хандаи гулҳо”, “Фарзанди аср” мунташир шуданд.
Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои “Дастёри додо”, “Гулгардонӣ”, “Э мойнӣ, мойнӣ” гирд омадаанд, мутолиа ва ҳифз кардаанд.
Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи дар “Гапи подор” нашр шудааст.
Ӯ 10-уми январи соли 1997 дар 68-солагӣ даргузашт.
Соли 2022 – Ҳокими Азиз, яке аз журналистони шинохтаи телевизион ва муаллифи барномаи машҳури "Суҳбати мардона" дар телевизон бар асари беморӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
10 январи соли 1863 дар шаҳри Лондон, Британияи Кабир аввалин хати метро дар ҷаҳон ифтитоҳ шуд.
Ин хатро ширкати "Metropolitan Railway" сохта буд ва он ҳамчун роҳи оҳани зеризаминӣ барои ҳамлу нақли мусофирон истифода мешуд. Аввалин хати метро Лондонро бо минтақаҳои дигар пайваст мекард ва имрӯз Лондон дорои яке аз васеътарин шабакаҳои метро дар ҷаҳон аст.
10 январи соли 1946 дар Лондон иҷлосияи якуми Ассамблеяи Генералии СММ оғоз ёфт. Ҷолиб ин аст, ки ин сана ба солгарди ташкил ёфтани Лигаи Миллатҳо — ҳаракати умумиҷаҳонии сулҳ ва ҳамкории байни халқҳо, ки 10 январи соли 1920 таъсис ёфта буд, рост меояд. Он аввалин ташкилоти байналхалқии сиёсӣ гардид. Ин ташкилот 18-уми апрели соли 1946 барҳам дода шуд ва дороиҳо ва уҳдадориҳои он ба СММ интиқол дода шуд.
Имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи одамони вижа ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба шахсоне, ки тарзи тафаккури фарқкунанда ва хос доранд, бахшида шудааст. Онҳо ҳамеша қолаб ва меъёрҳоро рад карда, бо андешаҳои нав дар бораи дигаргун сохтани ҷаҳони мавҷуда фикр мекунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-10º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар доманакӯҳҳо 7+12º гарм, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ -3+2º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 16-18º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8-13º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 50-52º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 9-11º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


