Дар чаҳорчӯби як лоиҳаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо иншооти нав — аз боғчаву марказҳои инкишофи кӯдакон сар карда то марказҳои саломатии муосир таъмир ва сохта мешаванд. Ин танҳо сохтмон нест, ин фароҳам овардани шароити беҳтар барои саломатӣ ва таълими насли наврас аст.
Аз Бахтиёр Ахмедов, сармуҳандиси лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молия пурсидем, ки ин иншоот дар кадом ноҳияҳо ҷойгиранд, то кадом андоза бехатаранд ва чӣ гуна технологияҳои инноватсионӣ дар онҳо истифода шудаанд. Посухи ӯро дар навор бинед:


