ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
26 сол пеш – соли 2000 дар ҳамин рӯз шумораи нахустини рӯзномаи “Азия-Плюс” ба нашр расид. Дар муддати кутоҳ рӯзнома яке аз серхонандатарин ва пешқадамтарин нашрияҳои Тоҷикистон шуд. Имрӯз, “Азия-Плюс” ҳамоно мавқеи пешсафии худро дар бозори матбуоти Тоҷикистон нигоҳ медорад.
Сипос ба таваҷҷуҳи шумо, хонандагони “Азия-Плюс”, ки тӯли ин солҳо бо мо будед ва эътимод кардед! Рӯзномаи “Азия-Плюс” минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки маводи ҷолиб таҳия карда, мавқеи пешсафии худро нигоҳ дорад.
Соли 2004 – Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мутобиқи он муҳлати хидмати ҳарбӣ барои хатмкардагони донишгоҳҳо аз 18 моҳ (1,5 сол) ба 12 моҳ (1 сол) кам карда шуд.
Соли 2011 – Хадамоти муҳоҷират дар назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳоло он дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аст.
Соли 2021 – Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати эронии “Фароб” дар бораи анҷоми марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” шартнома бастанд.
Соли 2022 – Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эътироф кард, ки коронавирус дар кишвар вуҷуд дорад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1922 – Мавлуди Савсан Бандишоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Савсан Бандишоева ҳунарпеша ва сароянда ва яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон аст. Ӯ дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст.
Нақшҳои Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, Кручинина дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, Жаклина дар “Табиби зӯракӣ”, Зеремалдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Майсара дар “Майсара”, Райҳон дар “Арӯси панҷсӯма” аз ин қабиланд. Ӯ дар овозхони низ маҳорати хоса дошт ва сурудҳои зиёди мондагор иҷро кардааст.
Фаъолияти эҷодии Бандишоева соли 1936 дар ҳайати ҳаваскорони санъати мусиқии ноҳияи Рӯшон шурӯъ шуда, баъдан, дар дастаи ҳунарии клуби сарҳадбонон идома ёфтааст. Солҳои 1940-1965 ҳунарпеша дар Театри вилоятии мазҳакавӣ-мусиқии Хоруғ кор карда, аз соли 1965 бознишаста будааст.
“Акрамҷони сеторӣ”, “Сегоҳи Помир”, “Дилбари ҷон”, “Ширин, ширин”, “Нолаи булбул”, “Рубоиёти Шуғнон”, “Рубоиёти Ванҷ” барин таронаҳои Савсан Бандишоева дар Хазинаи тиллоии Радиои тоҷик маҳфузанд.
Соли 1937 – Мавлуди Муҳиба Яқубова, доктори илмҳои биологӣ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Соли 1939 – Зодрӯзи Мирзо Мастонгулов, ҳавонаварди тоҷик ва муассиси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.
Мирзо Мастонқулов дар рушди авиатсияи Тоҷикистон нақши бузург дорад. Ӯ ширкати "Сомон Эйр"-ро таъсис дод ва бо корнамоиҳояш дар солҳои вазнинтарин – аз ҷанги шаҳрвандӣ то ташкили ширкатҳои хусусӣ – таърихи соҳаи авиатсияи кишварро тағйир дод.
Ӯ яке аз чеҳраҳои калидии таърихи ҳавонавардии Тоҷикистон ва аз аввалин халабонҳое буд, ки ҳавопаймоҳои муосири замони худро идора кардааст.
Кӯдакии Мирзо бо фоҷиа оғоз ёфт. Ӯ дар оилае ба дунё омад, ки сарнавишташон зери теғи саркӯбиҳои солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қарор гирифт. Боздошти падар, бадарғаи оила ба Қазоқистон, марги падар дар зиндон ва солҳои гарони ғурбат аз душвортарин рӯзҳои зиндагии ӯ дар кӯдакиаш буданд.
Соли 1959 Мастонгулов ба Душанбе омад ва дар омӯзишгоҳи ҳавонавардии Краснокутск таҳсил карда, соли 1961 дар дастаи ҳавонавардии Тоҷикистон ҳамчун халабони дуюм дар ҳавопаймои АН-2 фаъолияти худро оғоз кард. Ӯ аз ҷумлаи аввалин нафароне буд, ки ҳавопаймои турбовинтии Ту-154-ро идора мекард. Баъдан ба ҳайси халабон-мураббӣ ва фармондеҳи гурӯҳҳои парвозӣ фаъолият намудааст.
Мастонгулов солҳои 1991–1992 сардори Идораи иҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 2001 аввалин директори кулли ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикистон” буд. Аз соли 2005 директори генералии нахустин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон “Сомон Эй” буд.
Ӯ 6 апрели соли 2008 дар синни 70-солагӣ дар манзилаш даргузашт.
Соли 1950 – Комилҷон Ғаниев, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Комилҷон Ғаниев аз даврони ҷавонӣ ба суруду тарона шавқ дошт ва пас аз хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ -равшаннамоии ноҳияи Ленин таҳсил кардааст.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор омада, чанд сол клуби сайёрро сарварӣ ва баъдан дар вазифаҳои роҳбари бадеӣ, солисти театри халқӣ, роҳбари мусиқӣ, директори Филармонияи халқии Ҳисор кор кардааст. Чанд соли охир ҳофизи Филармонияи халқии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов буд.
Ӯ бештар аз эҷодиёти халқ истифода бурда, ба осори шуарои классики форс-тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд дошт. “Модар”, “Майда-майда меравӣ”, “Як хол дорад ёрам”, “Гулнораҷон”, “Як ёри ширин дорам”, “Бархез гулам зи ҷоят”, “Ҳисорам”, “Хоболуда”, “Панди адибон”, “Банда шавам”, “Силсилаи кӯҳи Ҳисор”, “Салом ба кишварам”, “Ман муборакбод мегӯям туро” аз таронаҳои маъруфи ӯ дониста мешаванд.
Комилҷон Ғаниев 10-уми январи соли 2023 дар синни 72 даргузашт.
Соли 1954 – Зодрӯзи Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Муҳаммадалӣ Аҷамӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид бо тафаккури амиқ ва пайванди устувор бо анъанаҳои адабиёти классикӣ мавқеи хос пайдо кардааст.
Ӯ пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ), дар соҳаи матбуот ва фарҳанг ба кор оғоз кард ва муддате ҳамчун хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Вахш”, корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб ва раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Чанде низ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиста, ба фаъолияти адабӣ ва илмӣ машғул будааст.
Муҳаммадалӣ Аҷамӣ ашъори худро дар маҷмӯаҳои “Кокули борон”, “Ватан”, “Сари об” ва “Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам” мунташир карда, дар Теҳрон низ се дафтари шеъраш, “Андӯҳи сабз”, “Биҳишти Одаму гандум” ва “Атри шабҳои Хуросон” ба табъ расидааст.
Муҳаммадалӣ Аҷамӣ 4-уми майи соли 2020 дар 76-солагӣ даргузашт.
Соли 1955 – Мавлуди Имомёрбек Қаландарбеков, ректори пешини Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев.
Имомёрбек Қаландарбеков чандин сол дар соҳаи муҳандисӣ фаъолият карда, муддате дар сохтори идории соҳаи маориф низ кор кардааст.
Ӯ зодаи ноҳияи Шуғнон ва хатмкардаи факултети сохтмони саноатӣ ва граждании Институти политехникии Тоҷикистон аст. Фаъолияти касбии Қаландарбеков аз омӯзгорӣ оғоз ёфта, баъдан ба корҳои тадқиқотӣ ҷалб шуд.
Ӯ зина ба зина аз омӯзгорӣ то ба роҳбарии сохторҳои муҳими маориф расида, аввал ҳамчун мудири кафедра, сардори шуъбаи таълим ва муовини ректор дар самтҳои гуногуни таълим, тарбия ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият бурдааст. Соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев таъин гардида, то соли 2014 дар ин мансаб будааст.
Соли 1978 – Зодрӯзи Рустам Боқиев, куштигири тоҷик, ҷудокор, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.
Соли 1992 – Мавлуди Ҳамид Ҳусайнзода (Ҳамид Ҳирод), хонандаи мусиқии попи аҳли Эрон, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.
Соли 1924 – Владимир Ленин, ходими сиёсӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар 53-солагӣ даргузашт.
Соли 2021 – Бобоҷон Азиз, сароянда ва ҳунарпешаи театри тоҷик дар синни 70-солагӣ даргузашт.
Бобоҷон Азиз дар 15-солагиаш ба саҳна омада, дар аввалҳои даҳаи 1970 ба сифати як овозхони касбӣ аз худ дарак дод. Ӯ дастпарвари факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб буда, солҳо сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода ва аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли “Навои Хатлон” будааст.
Вай дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дорад. Сурудҳои “Дилҳо нишона карда”, “Дар дидаи ман монд”, “Ёди Ватан”, “Ҳарфи дигар мазан”, “Нолаи Кова”, “Хорӣ макун”, “Модар” аз маъруфтарин таронаҳои ӯянд.
Бобоҷон Азиз дар баробари овозхонӣ дар театр низ якчанд нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Муҳаммадалии Ашқар дар “Карим Девона”, Фарҳод дар “Хусрав ва Ширин” ва ғайра.
Бобоҷон Азиз 21-уми январи соли 2021 дар 70-солагӣ бар асари бемории сактаи мағзӣ даргузашт.
Соли 2022 – Саъдулло Ситамов, олими илми физика дар 74-солагӣ аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар саросари дунё имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайриоддӣ – Рӯзи байналмилалии ба оғӯш гирифтан таҷлил мегардад. Ин рӯз бори нахуст соли 1986 дар ИМА ҷашн гирифта шуд. Мувофиқи анъанаи ҷашн дар ин рӯз ҳатто шахси ношиносро ба оғӯш гирифтан мумкин аст.
21 январи соли 1954 корхонаи киштисозии Гротон дар иёлати Коннектикути ИМА нахустин киштии зериобии атомии ҷаҳонро ба баҳр баровард. Романи “20 ҳазор фарсанг дар зери баҳр” ба мафкураи мардум чунон таъсир расонида буд, ки ин киштиро ба номи “Наутилус”-и Жюл Верн номгузорӣ карданд ва баъд аз ҳашт моҳ он дар низоми баҳрии ИМА қабул гардид.
Дарозии он киштӣ 97 метр ва бараш 8,2 метр буда, 4092 тонна вазн дошт. Он дар зери об бидуни баромадан ба болои об тӯлонӣ қарор гирифт, ки дар он замон рекорд гузошт.
“Наутилус” инчунин аввалин киштии зериобие шуд, ки дар соли 1958 таҳти яхҳои Арктика қутби шимолиро убур кард. Имрӯз “Наутилус” («Nautilus») дар Гротон, дар бандари ёдгориҳои он қарор дорад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 2-7º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 4-9º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 13-15º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 2-4º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 4-6º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 22-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


