ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
Имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (соати 08:00 дар собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ), Маркази тадқиқоти стратегӣ (соати 09:00 дар собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соати 09:00), Агентии омор (соати 11:00), Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ (соати 08:00), филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (соати 09:00), филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (соати 10:00), ҳукумати ноҳияҳои Варзоб (соати 08:00), Файзобод (соати 09:00), шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат (соати 10:00), ноҳияҳои Рӯдакӣ (соати 11:00) ва Шаҳринав (соати 14:00) нишасти матбуотӣ доир карда, аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон маълумот медиҳанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ФЕВРАЛ
Соли 1940 – Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Соли 2004 – Дар Санкт-Петербург гурӯҳи нажодпарастон духтари 9-солаи тоҷик Хуршеда Султоноваро бераҳмона ба қатл расониданд. Ин ҷиноят боиси эътирози амиқи ҷомеа шуд. Ин моҷаро дар расонаҳо бо номи “Қатли духтари тоҷик” паҳн шуд.
Соли 2008 – Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи маҳдуд кардани воридоти мошинҳои идораашон аз дасти рост ба ҳукми иҷро даромад.
Соли 2011 – Дар Душанбе муаррифии фаъолияти “Фонди сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон” баргузор шуд.
Соли 2019 – Президенти Тоҷикистон қарореро имзо кард, ки тибқи он шаҳрвандони кишвар наметавонанд аз як ширкати моблӣ зиёда аз ду SIM-корт дошта бошанд ва бояд онҳоро танҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.
Соли 2023 – Тоҷикистон барои кӯмак ба осебдидагони зилзила дар Туркия 50 наҷотбахши касбӣ фиристод. Дар пайи ин зилзима беш аз 50 тан ҷон бохт.
Соли 2023 – Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон изҳор дошт, ки "Душанбе ба заминларзаҳои қувваи 8,5-9 балл тобовар аст".
ШАХСИЯТҲО
Соли 1441 – Мавлуди Алишер Навоӣ, шоир ва мутафаккир.
Алишер Навоӣ шоир, мутафаккир ва ходими давлатӣ буда, бо ду забон эҷод мекард ва осори форсиаш бо тахаллусӣ “Фонӣ” эҷод шудааст.
Навоӣ беш аз 30 асар навиштааст, ки машҳуртарини онҳо маҷмӯаи “Хамса” мебошад, ки дар пайравӣ ба “Хамса”-и Низомӣ навишта шудааст.
Ӯ шигирди Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири классики тоҷик, буд ва нақши ӯро дар зиндагӣ ва эҷодаш беназир арзёбӣ кардааст. Алишер Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо ба унвони мураббии маънавиаш, ҳамзамон чун дӯст ва ҳамдаму ҳамрози зиндагиаш бо самимият ва ихлос ном бурдааст. Қарор аст, имсол филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", ки тайи як соли охир бардошта шуд, намоиш дода шавад.
Соли 1918 – Мавлуди Тоҷӣ Султонова, ҳунарпешаи тоҷик.
Тоҷӣ Султонова зодаи шаҳри Хуҷанд буда, аз соли 1934 то охири умраш дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ дар театр нақшҳои зиёди фаромӯшнашаванда офаридааст. Аз ҷумла нақши Екатерина дар “Раъду барқ”, Ширин дар “Фарҳод ва Ширин”, Лайлӣ дар “Лайлӣ ва Маҷнун”, аз ин қабил аст. Тоҷӣ Султонова соли 2010 аз олам даргузашт.
Соли 1941 – Зодрӯзи Фаррух Муҳаммедов, муҳандиси тоҷик, ихтироъкори ҳавопаймо (авиаконструктор)
Фаррух Муҳаммедов зодаи шаҳри Душанбе буда, институти инженерии Рига (Латвия)-ро хатм кардааст. Аввалин ҳавопаймои худро соли 1958 дар 17-солагиаш ихтироъ кардааст, ки он “Душанбе-1” ном дошт. Солҳо корманди кафедраи лоиҳакашии тайёраҳои Институти авиатсионии Маскав буд.
Маҳз бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи азими авиатсионӣ, таълими инженерон ва мутахассисони ин корхона дар шаҳрҳои Комсомолски соҳили Амур, Иркутск, Новосибирск, Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия шурӯъ гардид, ки директории сохтмони мазкур ба зиммаи ӯ буд.
Соли 1959 – Мавлуди Абдусалом Қурбонов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон.
Соли 2021 – Шарофиддин Имом, собиқ сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар синни 65-солагӣ бинобар бемории қалб аз олам даргузашт.
Ӯ аз октябри соли 2008 то сентябри соли 2020 сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Ӯ ҳамчунин яке аз донишмандони саршиноси кишвар буд, ки то хидмати давлатӣ устоди риштаи робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Номбурда як муддат мушовир ва мушовири калони президенти Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва дар сиёсати хориҷӣ буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
9 феврал Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон аст. Дандонпизишкӣ яке аз қадимтарин бахшҳои тиб буда, ҳангоми ковишҳои археологӣ дар вилояти Белуҷистони Покистон боқимондаҳои одамоне ёфт шуданд, ки дар асрҳои VI–IV пеш аз милод мезистанд ва дар дандонҳои онҳо сӯрохии қариб идеалӣ бо диаметри 1-3 мм ва чуқурии то 3,5 мм кашф карда шуд.
9 феврал Рӯзи байналмилалии пизза аст. Пизза, ки аслан ғизои итолиёӣ аст, яке аз маъруфтарин ғизоҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Итолиёҳо ҳатто онро ба UNESCO ҳамчун як мероси фарҳангӣ пешниҳод кардаанд.
9 феврали соли 1895 аввалин бозии расмии волейбол доир гардид. Ин бозӣ аз ҷониби Уилям Ҷ. Морган, муаллими варзиши Коллеҷи Ассотсиатсияи Ҷавонони Масеҳӣ дар Массачусетс “ихтироъ” карда шудааст. Ӯ тӯбро аз болои тор бо баландии 1,98 метр гузаронид ва онро “минтонет” номид, ки баъдан ба “волейбол” (volleyball) иваз шуд.
Қоидаҳои аввалини расмии волейбол дар 1897 нашр шуданд. Шурӯъ аз соли 1922 мусобиқаҳои миллии волейбол баргузор мешаванд. Волейбол аз 28 июли соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул гардид. Соли 1964 ин бозӣ расман ба бозиҳои олимпӣ ворид карда шуд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 10-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда шабона, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 4-6º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.


