Имсол дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 19-уми феврал оғоз шуда, сокинон то 20-уми март рӯза мегиранд. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал муайян шудааст.
Ӯ гуфт, имрӯз, 10-уми феврал, Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.
Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот афзоиш ёфтааст.
Фитри рӯза: Имсол ҳар як кас бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад, ки нисбат ба соли 2025 (8 сомонӣ) як сомонӣ кам шудааст.
Нисоби закот: Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Дар соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 900 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомонӣ ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
Фидяи савм: Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.
Аз Кумитаи дин ва танзими ташну маросим сабаби тағйироти чашмрас дар маблағи фитри рӯза, фидяи савм ва нисоби закот нисбат ба соли гузаштаро ба нархи тилло ва гандум рабт доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки нисоби закот бо назардошти нархи тилло ҳисоб карда мешавад ва чун имсол нархи тилло гарон шудааст, нисоби закот ҳам нисбат ба соли пешин афзоиш ёфтааст.
Фитри рӯза бо назардошти нархи гандум ҳисоб мешавад ва чун гамдум имсол дар Тоҷикистон арзонтар шудааст, фитри рӯза ҳам нисбат ба соли пешин, камтар ҳисоб шудааст.
Ва ҳамин тавр, фидяи савм ҳам аз ҳисоби арзон шудани гандум, нисбат ба соли пешин камтар ҳисоб шудааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 18-уми феврал оғоз мешавад. Аммо, ба гуфтаи манбаъи мо, он ба гардиши моҳтоб, ки маҳз тибқи он моҳи Рамазон муайян мешавад, рост наомадааст.
Дар Тоҷикистон ҳам, мисли ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, моҳи шарифи Рамазонро тибқи гардиши моҳ ва нав шудани он Шӯрои уламо дар якҷоягӣ бо Пӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян мекунанд.
Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта моҳи Рамазон дар кишвар 1-уми март шуруъ шуда, рӯзи 30-юми март бо анҷоми моҳ, иди Рамазон таҷлил шуда буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.


