Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва мӯҳтавои сӯҳбати тӯлонии ӯ бо намояндагони он дар нашрияи «THE
PARLAMENT
MAGAZINE», ки
маҷаллаи иҷтимоӣ – сиёсии Парлумони Иттиҳоди Аврупо аст, таҳти унвони «Нақши эътидоловарӣ дар Осиёи Марказӣ» нашр гардида, мавриди вокуниши васеъи аҳли ҷомеа қарор гирифт. Дар муқоваи маҷалла расми калони Эмомалӣ Раҳмон ва суханони зерини ӯ оварда шудааст: «Мо бо Иттиҳоди Аврупо баҳри дарёфти роҳҳои бартарфсозии мушкилоти Осиёи Марказӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир муносиботи равшану ошкоро дорем».
Дар ҳамон ҷо ҳамчунин омадааст, ки «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо, тақвияти нақши Тоҷикистон чун нерӯи эътидоловарӣ ба Афғонистон, пурзӯр намудани мубориза бо қочоқ ва баланд бардоштани иқтидори гидроэнергетикӣ аст».
Мавзӯъи сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо дар се саҳифаи ин маҷаллаи бонуфуз матраҳ шуда, пешниҳодҳои муфиди Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри муттаҳидсозии имкону захираҳои муштараки сатҳу зинаҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти сангини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Аз ҷумла пешниҳоди ӯ дар бораи он, ки афзалият на
ба роҳи низомии ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон, балки ба кӯмакҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ин кишвари азияткашида ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои мардуми он бояд дода шавад, мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.