ХБА даъват ба амал овард, ки ба 20 кишвари қашшоқи дунё кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хазинаи байнулмилалии асъор даъват мекунад, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори марҳилаи саввуми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки акнун ба кишварҳои қашшоқ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Дар ин бора дар иттилоияи чанде қабл интишоргаштаи ХБА хабар дода мешавад.





           

Дар робита ба интишори гузориши нави ХБА «Оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои даромадашон паст» намояндаи мақомоти раҳбарии Хазина Доминик Стросс Канн изҳор доштааст, ки акнун марҳилаи саввуми бӯҳрони молӣ ба кишварҳои қашшоқ асар хоҳад гузошт ва аз давлатҳои мададрасон даъват ба амал овардааст, ки баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрон ва аз даст надодани дастовардҳои ба мушкилӣ ноилгардидаи ин кишварҳои осебпазир кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад.




           

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти доирнамудаи ХБА имкон фароҳам сохтааст беш аз 20 кишвари қашшоқи махсусан осебпазир муайян карда шавад ва ба кишварҳои мавриди зарари бештар қароргирифта соли равон бояд ҳадди аққал 25 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шавад. Номбурда таъкид сохтааст, ки кишварҳои мададрасонро зарур аст, ҳаҷми маблағҳои кӯмакро афзоиш диҳанд, зеро коҳиши ҳаҷми кӯмакҳо ба вазъи суботи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои даромадашон паст таъсири манфӣ гузошта метавонад.


spot_imgspot_img

Популярное