ХБА даъват ба амал овард, ки ба 20 кишвари қашшоқи дунё кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад

            Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хазинаи байнулмилалии асъор даъват мекунад, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори марҳилаи саввуми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки акнун ба кишварҳои қашшоқ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Дар ин бора дар иттилоияи чанде қабл интишоргаштаи ХБА хабар дода мешавад.             Дар робита ба интишори гузориши нави ХБА […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хазинаи байнулмилалии асъор даъват мекунад, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори марҳилаи саввуми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки акнун ба кишварҳои қашшоқ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Дар ин бора дар иттилоияи чанде қабл интишоргаштаи ХБА хабар дода мешавад.





           

Дар робита ба интишори гузориши нави ХБА «Оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои даромадашон паст» намояндаи мақомоти раҳбарии Хазина Доминик Стросс Канн изҳор доштааст, ки акнун марҳилаи саввуми бӯҳрони молӣ ба кишварҳои қашшоқ асар хоҳад гузошт ва аз давлатҳои мададрасон даъват ба амал овардааст, ки баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрон ва аз даст надодани дастовардҳои ба мушкилӣ ноилгардидаи ин кишварҳои осебпазир кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад.




           

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти доирнамудаи ХБА имкон фароҳам сохтааст беш аз 20 кишвари қашшоқи махсусан осебпазир муайян карда шавад ва ба кишварҳои мавриди зарари бештар қароргирифта соли равон бояд ҳадди аққал 25 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шавад. Номбурда таъкид сохтааст, ки кишварҳои мададрасонро зарур аст, ҳаҷми маблағҳои кӯмакро афзоиш диҳанд, зеро коҳиши ҳаҷми кӯмакҳо ба вазъи суботи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои даромадашон паст таъсири манфӣ гузошта метавонад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.