Э.Раҳмон: Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳаҷми пешбинишудаи афзоиши музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо бетағйир боқӣ мемонад

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни ироаи Паёми солонаи худ ба пралумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон изҳор дошт, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳаҷми пешбинишудаи афзоиши музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар соли равон бетағйир боқӣ мемонад. «Имрӯз низ, бо вуҷуди ин, ки имкониятҳои давлат бинобар шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳдуд шуда истодаанд, мо […]

Валентина Кондрашова


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни ироаи Паёми солонаи худ ба пралумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон изҳор дошт, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳаҷми пешбинишудаи афзоиши музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар соли равон бетағйир боқӣ мемонад. «Имрӯз низ, бо вуҷуди ин, ки имкониятҳои давлат бинобар шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳдуд шуда истодаанд, мо ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа – илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, бори дигар таъкид менамоем, ки сарфи назар аз душвориҳои бамиёномада ба ин соҳаҳо афзалият медиҳем», – гуфт ӯ.

 





Сарвари давлат гуфт, дар буҷети соли ҷорӣ маблағи умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 44 фоизи ҳаҷми умумии буҷет пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 56 фоиз зиёд мебошад. «Дар доираи маблағҳои пешбинишуда аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз ва аз 1 сентябр маоши кормандони соҳаи илм ва маориф 15 фоиз зиёд карда

 

мешавад», – таъкид дошт президенти Тоҷикистон.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.