Мақомоти раҳбарии ширкати эронии «Собир Инернейшнл» ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқи тоҷикону афғонҳоро рад месозад

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ширкати эронии « Собир Инернейшнл», ки айни замон дар ҷумҳурӣ ба сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон –Зиғар машғул аст, ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқ аз рӯи нишонаҳои миллиро комилан рад месозад. Тавре менеҷери марҳилаи дуввуми лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз ҷониби пудратчӣ Доварӣ ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ширкати эронии

«

Собир Инернейшнл», ки айни замон дар ҷумҳурӣ ба сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон –Зиғар машғул аст, ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқ аз рӯи нишонаҳои миллиро комилан рад месозад.




Тавре менеҷери марҳилаи дуввуми лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз ҷониби пудратчӣ Доварӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, воқеан ҳам дар сохтмони роҳ дар қатори эрониён тоҷикону афғонҳо низ кор мекунанд, вале муносибат бо ҳама як хел аст ва иттилои дар ҳафтаномаи «Фараж» интишоргардида ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.



«Мо бо сардабири ин рӯзнома мулоқот оростем ва ӯ пас аз воқиф гаштан бо вазъ, барои интишори иттилоии носаҳеҳ аз мо узр пурсид, – идома дод ӯ. – Мо рӯзноманигоронро ба маҳали сохтмон даъват кардем ва онҳо ин даъватро бо хушнудӣ пазируфтанд».



Дар мавриди нисбат ба эрониён ба тоҷикону афғонҳо пардохтани музди меҳнати камтар, номбурда гуфт, ин тартиби маъмулӣ аст ва дар саросари ҷаҳон аз он кор мегиранд. «Дар Эрон низ аксари ширкатҳои хориҷӣ ба ҳамватанони худ нисбат ба мардуми маҳаллӣ маоши бештаре муқаррар месозанд», – гуфт ӯ.



Оқои Доварӣ афзуд, феълан музди меҳнати коргарон дар сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз 1,4 то 2,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.