Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Созишномаи маблағгузории бурс дар ҳаҷми 20 млн. $ ба имзо расид

            Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати молияи ҶТ вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Саодат Бозорова Созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи маблағгузории бурси барномавӣ ҷиҳати таҳияи чорабиниҳо дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.             Чӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати молияи ҶТ вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Саодат Бозорова Созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи маблағгузории бурси барномавӣ ҷиҳати таҳияи чорабиниҳо дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадаф аз кӯмаки мазкур – таъмини минбаъдаи ислоҳот ва иҷрои барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст. «Нахуст ҳаҷми маблағи бурси мазкур 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод, вале дар натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳо ва бо назардошти осебпазирии Тоҷикистон ба оқибатҳои таъсири бӯҳрони молӣ он то 20 млн.


$


зиёд карда шуд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, бурси мазкур ҳамчун дастгирии мустақими буҷа баҳри таъмини устувории макроиқтисодӣ, маблағгузорӣ ба барномаҳои иҷтимоӣ, дастгирии чорабиниҳо оид ба рушди соҳибкории хусусӣ ва ташкил кардани хадамоти ҳирфаии давлатӣ равона мегардад. «Кӯмак ба ҳукумати кишвар барои сабук кардани тартиби маъмурии бақайдгирӣ ва фаъолияти корхонаҳои бахши хусусӣ, таъмини шаффофияти хусусигардонии корхонаву муассисаҳои давлатӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи ҳавопаймоӣ, энергетика, кишоварзӣ, ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва беҳбуди пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф шароити муосид фароҳам хоҳад овард»,- афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.