Тасдиқи барномаи сесолаи қарзии ХБА барои Тоҷикистон

            Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ҷониби Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор Барномаи сесолаи қарзӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 116 млн. $ тасдиқ карда шуд. Беш аз 38 млн. $ аз ин маблағро Тоҷикистон метавонад феълан дастрас созад. Дар ин бора дар иттилоияи интишоргардидаи ХБА хабар дода мешавад.             Тибқи маъулмоти ХБА, аз […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ҷониби Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор Барномаи сесолаи қарзӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 116 млн. $ тасдиқ карда шуд. Беш аз 38 млн. $ аз ин маблағро Тоҷикистон метавонад феълан дастрас созад. Дар ин бора дар иттилоияи интишоргардидаи ХБА хабар дода мешавад.





           

Тибқи маъулмоти ХБА, аз рӯи шартҳои барнома, ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯҳдадор шуданд, ки ба баргузории сиёсати мавзуну устувор рӯ оварда, баҳри таъмини талаботи рӯзафзуни эҳтиёҷоти иҷтимоӣ захираҳо пешбинӣ мекунанд ва ҷиҳати боздошти афзоиши қарзи хориҷӣ чораҳо андешида, дар бахши идоракунии сохтори Бонки миллӣ, корхонаҳои давлатӣ ва соҳаи кишоварзӣ ислоҳот ҷорӣ месозанд.




           

Ёдрас мекунем, ки ҳадаф аз амалисозии барномаи мазкур муваффақ гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва ташкили заминаҳо барои рушди устувор буда, вале дар шароити бӯҳрони молӣ он ҳамчунин хусусияти мӯътадилгардонии вазъро низ дошта метавонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.