Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Феълан мизони об дар обанбори Норак ба
858,22 метр
баробар буда, ҳаҷми умумии захираи об 6 млрд. 47,8 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад», – изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи
2 метру
8 см
ё худ 142 млн. метри мукааби об зиёдтар аст. «Айни замон ҳаҷми воридшавии об ба обанбор 500-520 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ҳаҷми ҷоришавии он аз обанбор ба 540 метри мукааб дар як сония баробар аст», – афзуд вазир.



