С.Ёқубзод: Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Роғун ба азхудкунии 300 га заминҳои бекорхобида ва натанҳо дар Тоҷикистон шароит фароҳ

Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Роғун ба азхудкунии 300 га заминҳои бекорхобида дар Тоҷикистон ва беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳои Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард», – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод. Номбурда иддаъои мақомоти раҳбарии кишварҳои ҳамсояро ҷиҳати зараровар будани сохтмони […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Роғун ба азхудкунии


300 га

заминҳои бекорхобида дар Тоҷикистон ва беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳои Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард», – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод.




Номбурда иддаъои мақомоти раҳбарии кишварҳои ҳамсояро ҷиҳати зараровар будани сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои обёрӣ бепоя хонда гуфт, онҳо ба хубӣ огаҳанд, ки обанбори нерӯгоҳи Роғун муддати 13 сол пур хоҳад шуд ва миқдори об барои пур кардани он начандон зиёд буда, ҳамагӣ 10 дарсад аз ҳаҷми талабот ба обёриро дар мавсим ташкил хоҳад дод. «Агар зарур ояд, ин миқдорро Тоҷикистон чун соли гузашта аз ҳисоби захираи оби обанборҳои мавҷуда ҷуброн хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Дар мавриди ҳолати низоми обёрии мавҷуда дар Тоҷикистону Ӯзбекистон С.Ёқубзод изҳор дошт, ки онҳо ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд гардида, аллакай кӯҳнаву фарсуда шуданд. «Тибқи ташхиси доирсохта аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар низоми обёрии Ӯзбекистон, ошкор шудааст, ки маҳз ба иллати кӯҳнаву фарсудагӣ 40 дарсади об дар он талаф меёбад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки релефи кишвари мо имкон медиҳад, ки оби барои обёрӣ истифодашуда боз ба Амударё ҷорӣ гардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.