Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – То ахири моҳи майи соли ҷорӣ сарони кишварҳои Хорватия ва Туркия бо сафари расм
ӣ
аз То
ҷ
икистон боздид хоҳанд кард.
Ч
ӣ
тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, боздиди расмии президенти Хорватия Степан Месич рӯзҳои 23-25-уми май пешбинӣ гардида, гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.
Боздиди расмии президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон рӯзҳои 28-30-юми май доир гардида, дидору гуфтушуниди ӯ бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ ва имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.