Тоҷикистон ба қатори кишварҳои собиқи шӯравӣ бо сатҳи камтарини афзоиши таваррум дар моҳи январ шомил гашт



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ дар Молдова Қазоқистон ва Тоҷикистон сатҳи камтарини афзоиши таваррум ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора хабаргузории БелаПАН бо истинод ба мақомоти омори ин кишварҳо иттилоъ медиҳад.





           

Миёни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ афзоши нархҳои истеъмолӣ дар се кишвари номбурда (мутаносибан – 0,1; 0,3 ва 0,4 дарсад) аз ҳама пасттар аст. Афзоши аз ҳама бештари нархҳои истеъмолӣ моҳи январи соли ҷорӣ дар Белорус ба қайд гирифта шудааст, ки ба 4,1 дарсад баробар аст.




           

Сатҳи афзоиши таваррум моҳи январи соли ҷорӣ дар кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ ба тариқи зайл аст: Украина – 2,9; Литва – 2,7; Русия- 2,4; Латвия – 2,2; Гурҷистон – 1,4; Арманистон – 1,2; Қирғизистон – 0,5 ва Озарбойҷону Эстония – 0,6 дарсад.


spot_imgspot_img

Популярное