Нофаҳмӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия баҳона шуда наметавонад, – назари коршинос

              Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав оид ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, истихроҷи гази табиӣ ва саноати кӯҳкорӣ тавофуқ […]

Пайрав Чоршанбиев




 




           

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав оид ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, истихроҷи гази табиӣ ва саноати кӯҳкорӣ тавофуқ ҳосил хоҳад шуд.




           

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ Ф.Саидов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқоти мазкур идомаи мантиқии гуфтушуниди дуҷонибаи кишварҳо дар сатҳи олӣ мебошад, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд. «Нофаҳмӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаи сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ барои ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия баҳона шуда наметавонад», – гуфт ӯ.




           

Ф.Саидов мегӯяд, Русия ҳамеша шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва рӯи кор омадани баъзе нофаҳмиҳо миёни кишварҳо ва он ҳам бо иштироки ҷониби саввум, наметавонад ба рушди ҳамкории минбаъда халале ворид созад.




           

Коршинос аз нав барқарор гардидани гуфтушунид оид ба иштироки Русия дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро аз эҳтимол дур намедонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон