Миёни шаҳрҳои Душанбеву Рига хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии « airBaltic»-и Латвия ояндаи наздик ҷиҳати гуфтушунид оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеву Рига ба Душанбе меояд. Тавре сардори Сарраёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Азиз Набиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни гуфтушунид тамоми ҷузъиёти ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳо бо ин […]

Наргис Ҳамробоева






Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «


airBaltic»-и Латвия ояндаи наздик ҷиҳати гуфтушунид оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеву Рига ба Душанбе меояд.



Тавре сардори Сарраёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Азиз Набиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни гуфтушунид тамоми ҷузъиёти ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сомонаи Авиапорт.ру, ширкати ҳавопаймоии Латвия аз 1-уми июни соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳоро бо хатсайри мустақими Рига-Душанбе шурӯъ хоҳад кард. Дар иттилои сомона зикр мегардад, ки парвоз бо ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа сурат гирифта, вақти парвоз панҷуним соатро дарбар мегирад.



 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.