СММ ба рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад

            Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо намояндаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Насим Ҷовид масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.             Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар доираи татбиқи лоиҳаи ин ташкилот […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо намояндаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Насим Ҷовид масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.





           

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар доираи татбиқи лоиҳаи ин ташкилот бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ба аҳолии камбизоат кӯмак расонида мешавад. Зикр гардид, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон 1 ҳазору 265 тонна тухмии гандум тақсим карда шуд. Ҳамчунин ба хоҷагиҳо боз 2 ҳазору 100 тонна нуриҳои минералӣ чун кӯмак дода мешавад.




           

Намояндаи ташкилоти СММ аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати кӯмаки минбаъда ба бахши кишоварзии кишвар як қатор пешниҳодоти дигар иброз дошт.




           

Дар фарҷоми мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ба намояндаи ташкилоти СММ барои кӯмакҳои расонида изҳори миннатдорӣ намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.