Вазорати кишоварзӣ хостори дастгирии ВАО шуда, рӯзноманигоронро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба дастгирии бахши кишоварзӣ камар баста, бо вазорат ҳамкории зич дошта бошанд. Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев изҳор дошт, ки вазорат ба вокуниш нисбати маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО омода аст. Ба гуфтаи ӯ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зарур мешуморад, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба дастгирии бахши кишоварзӣ камар баста, бо вазорат ҳамкории зич дошта бошанд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев изҳор дошт, ки вазорат ба вокуниш нисбати маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО омода аст. Ба гуфтаи ӯ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зарур мешуморад, ки иштироки рӯзноманигорон дар ҳалли мушкилоти бахши кишоварзӣ ба фоидаи кор аст.



Дар асоси фармони президент «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО» вазири кишоварзии ҷумҳурӣ низ фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он тамоми воҳидҳои сохтории вазорат ӯҳдадор шуданд, оид ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО вокуниш нишон дода, баҳри рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳо андешанд ва дар ин бора ҳисобот пешниҳод намоянд.



Н.Додобоев мегӯяд, вазир зикр кардааст, ки вазорат васоити ахбори умумеро, ки бо вазорат ҳамкории пурсамарро ба роҳ мемонад, дастгирӣ хоҳад кард. «Дар навбати худ, бахши кишоварзӣ ба дастгирии ВАО ниёз дорад», – изҳор дошт Н.Додобоев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон