Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2026

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1992 – Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамроҳ шуд.

Соли 1995 – Аввалин интихоботи парлумонии Тоҷикистон пас аз истиқлолият баргузор гардид.

Соли 2013 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ломбардҳо” қабул гардид.

Соли 2013 – Талаботи гирифтани “изи ангушт” ҳангоми гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон бекор карда шуд. Аммо соли 2015 он дубора ҳатмӣ гардид.

Соли 2020 – Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии молиявии ширкати энергетикии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант дод. Мақсади асосии маблағгузории мазкур барқарорсозӣ ва таҷдиди зерсохтори таъминоти барқ, беҳтар намудани ҷамъоварии пардохтҳо, коҳиши талафоти нерӯи барқ ва танзими қарзҳо гуфта мешуд.

Соли 2025 – Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи "Пайк" ва рӯзноманигори тоҷик, ки бо ҳукми додгоҳ ба 10 солу 4 моҳ зиндонӣ шуд, аз Кӯлоб ба Душанбе оварда, дар зиндони маъруф ба "Якум советский" ҷой доданд. Ӯ моҳи августи соли 2024 дастгир ва ба "ришвадиҳӣ ба маъмури миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" айбдор мешуд. Вале худаш ин иттиҳомро напазируфт. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Меҳрӣ Абдуллоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1939 – Зодрӯзи Нозим Сафаров, муаррихи тоҷик.

Соли 1939 – Зодрӯзи Карим Абдулов, иқтисоддон, доктори илми таърих.

Карим Абдулов солҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ пайваст ва солҳои 1991-1992 мудири котиботи президенти ҷумҳурӣ буд. Баъдан, солҳои тӯлонӣ мушовири раиси ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии ҷамъияти “Дониш” буд.

Ӯ дар соҳаи публитсистика низ фаъолият ва хомафармоӣ карда, чандин очерк низ таълиф кардааст. Аз ҷумла, рисолаҳои “Роҳи беҳбуд”, “Дар ин дунё” “Сиёсатномаи асри ХХI”, “Ягонагии сухан ва амал”, “Лоиқи миллат” таълиф кардааст..

Карим Абдулов моҳи декабри соли 2010 дар синни 71-солагӣ даргузашт.

Соли 1946 – Зодрӯзи Владимир Ғуломҳайдаров, футболбоз, мураббии шоистаи Тоҷикистон.

Владимир Ғуломҳайдаров аз хурдӣ ба футбол шавқ дошт ва солҳои аввали футболбозиаш ҳамчун яке аз пешсафон, бавижа дар дастаи “Энергетик” маъруф буд.

Ғуломҳайдаров солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи машҳури "Помир"-и Душанбе (то соли 1970 "Энергетик") бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳгонаи беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Баъдан ин футболбози тоҷик ду сол (1969-1970) шарафи бошгоҳи "Торпедо"-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Ӯ аввалин футболбози тоҷик аст, ки соли 1968 ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ 3 гол задааст.

Пас аз тарки майдон ҳамчун мураббӣ ба фаъолият пардохт. Муддате роҳбари дастаи “Памир” ва “Вахш” буд. Владимир Ғуломҳайдаров қариб 30 сол инҷониб дар шаҳри Алматии Қазоқистон зиндагӣ мекунад ва солҳо дар дастаҳои футболи ин кишвар сармураббӣ буд.

Соли 1950 – Мавлуди Усмон Раҷабов, меъмор, номзади илмҳои техникӣ.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии фориғболӣ таҷлил мешавад. Ин иди ғайриодиро итолиёиҳо таъсис додаанд. Онҳо бори аввал соли 2007 ин рӯзро ҷашн гирифтанд, то ки ҳар лаҳзаи ҳаётро оромона ва бо лаззат эҳсос кунанд.

Дар доираи ин рӯз чорабиниҳои ҷолиб баргузор мешаванд. Масалан, дар Рим “Марафони сустҳаракат” доир мегардад, ки дар он иштирокдорон бояд 300 метрро дар на камтар аз 87 дақиқа бидуни истодан тай кунанд.

26-уми феврали соли 2001 дар Афғонистон ду муҷассамаи бузурги Буддо аз сӯи гурӯҳи "Толибон" (дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст) нобуд карда шуд. Яке аз онҳо 53 метр баландӣ дошта, яке аз бузургтарин ҳайкалҳои Буддо дар ҷаҳон ҳисобида мешуд. Таърихи ин муҷассама тақрибан 1500 солро дар бар мегирифт. Муҷассамаи дигар бошад 38 метр баландӣ дошта, тақрибан 1800-сола буд.

148 сол пеш Эмил Литтре, забоншиноси фаронсавӣ калимаи “микроб”-ро ба забони илмӣ ворид кард.

Микроорганизмҳо ё микробҳо гурӯҳи организмҳои хурде ҳастанд, ки бо чашми оддӣ дида намешавад. Истилоҳи “микроб” аз калимаи фаронсавии “microbe” ва юнонии “μικρός” (микрос – хурд) ва βίος (биос – ҳаёт) гирифта шудааст.

26 феврали соли 1935 ихтироъкор Роберт Уотсон-Уотт аввалин озмоиши радар (радиолокатсионӣ)-ро гузаронид.

То охири соли 1936 Вазорати ҳавонавардии Британия панҷ шабакаи суръатсанҷиро бо фосилаи 40 км аз ҳамдигар бунёд кард. Ин система дар ҳифзи Британия аз ҳамлаҳои ҳавоии Олмони фашистӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон нақши муҳим бозид.

26-уми феврали 1936 дар Олмон автомобили "мардум"-ии “Volkswagen” истеҳсол шуд. Ин орзуи муҳандис Фердинанд Порше буд, ки истеҳсоли мошини ба омма дастрасро созад.

Барои истеҳсоли оммавии он бузургтарин корхонаи автомобилсозии Олмон бунёд гардид. Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ин корхона қариб пурра хароб шуд, аммо баъдан он барқарор шуда, "Volkswagen" ба яке аз пурхаридортарин мошинҳо табдил ёфт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 4-6º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 34-36º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...