Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 марти соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2026 оғоз шуда, то  28-уми апрел идома мекунад. Имсол дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру навоҳии дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил шудааст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 МАРТ

Соли 1960 – аввалин парвози ҳавопаймои Ил-18 дар хатсайри Сталинобод – Маскав анҷом дода шуд.

Соли 1960 – Комбинати қолинбофии Қайроқум ба истифода дода шуд.

Соли 1992 – Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.

Соли 1993 – Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ ташкил шуд.

Соли 2013 – Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.

Соли 2025 – Дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуд. Бар пояи натиҷаҳои интихобот, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баранда ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз курсии парлумон маҳрум шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Зодрӯзи Қурбон Холов, раққоси балет, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон.

Соли 1945 – Мавлуди Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигор ва аккоси маъруфи тоҷик.

Муҳиддин Олимпур дар нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, хабаргузории “Ховар” ва ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст.

Солҳои 1990-1995 Муҳиддин Олимпур мудири дафтари радиои ББС дар Душанбе буд. Олимпур муаллифи ду китоб ва силсилаи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ буда, барои гузоришҳо ва аксҳои нотакрораш барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шудааст.

Барномаҳои ӯ – “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” ва “Ситораҳо Шарқ” аз шоҳкорҳои журналистикаи телевизионии тоҷик эътироф шудаанд.

Олимпур дар баробари аксбардорӣ ва журналистӣ, муаллифи китобҳои “Раҳнамои суратгир” ва “Муҳиддини Олимпур – Бинишвари тоҷик” буда, садҳову ҳазорҳо аксҳои бардоштаи ӯ аз намояндагони илму адаби саросари дунё дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои мухталиф нашр шудаанд.

Ӯ ҳамчун журналист сермаҳсул буда, солҳои 1988-1991 барномаи овозадори Телевизиони Тоҷикистон – “Ситораҳои Шарқ”-ро пеш мебурд. Аз охири соли 1989 то интиҳои умраш барои бахши форсии радиои “BBC” аз авзои Тоҷикистон, бахусус бахши фарҳангӣ хабар пӯшиш медод. Инчунин, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр фаъолият кард ва қариб дар ҳар шумора аксу матолиб, хабар, гузориш, мақола, мусоҳибаҳояш ба нашр мерасиданд.

Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Бештар дар ин бора дар ин матлаби мо хонед: Шаҳиди роҳи зебоӣ, ки 27 сол боз ангезаи қатлаш номаълум аст. Ёде аз Муҳиддин Олимпур.

Соли 1950 – Зодрӯзи Даврон Алиматов, ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик.

Даврон Алиматов, ки дар офаридани нақшҳои драмавию лирикӣ маҳорат хоса дорад, солҳо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, киностудияи “Тоҷикфилм”, ҳунарпеша ва сарояндаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд буд.

Баъдан соли 2001 дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба дарсгӯӣ пардохт. Беҳтарин нақшҳояш дар саҳнаи театр нақши Юнус “Тангаи ҷиноятӣ”, Юнус дар “Ғори аҷинаҳо”, Зол дар “Зол ва Рӯдоба” маҳсуб меёбад.

Дар синамо бошад, нақши Раҳимдод дар “Ҳеҷбудагон ҳар чиз мешаванд”, ва Ҳофиз дар “Субҳи Ганг”-ро офаридааст. Ҳамчунин ҳунари хуби сарояндагӣ дошт.

Соли 1951 – Зодрӯзи Холмаҳмад Мавлонов, рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1953 – Зодрӯзи Рустам Одинаев, рассоми синамо.

Соли 1958 – Мавлуди Акбар Мирраҷабов, овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1955 – Зодрӯзи Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор, сиёсатмадори тоҷик ва яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон.

Додоҷон Атовуллоев охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод.

Ӯ аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд.

Соли 1969 – Зодрӯзи Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси пешини кумитаи сохтмон ва меъморӣ.

Соли 1974 – Мавлуди Сироҷиддин Фозилов, овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сироҷиддини Фозил Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хатм кардааст. Солҳои аввали овозхониаш дар ансамбли “Шарора” ҳунар озмуда, баъдан як муддат ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, то соли 1999 дар он ҷо зистааст.

Баъди бозгашт ба гурӯҳи ҳунарии “Ватан” ва баъдан дар ансамбли эстрадии “Гулшан” ба фаъолият пардохт. “Гӯшаи бом” яке аз таронаҳои маъруфи овозхон аст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мусиқии “Суруди сол”, ки соли 2003 “Азия-плюс” ташкил кард, ҳамроҳи Сироҷиддин Фозилов хонда буд.

Ҳамчунни ӯ сарояндаи таронаҳои “Эй дилбари нозанин”, “Эй санам”, “Модарам”, “Султони қалбам”, “Дилбари раҳдурӣ”, “Кабобам” аст, ки дили шунавандагонашро тасхир кардааст.

Соли 1992 – Зодрӯзи Савлатмоҳ Ҳақназарова, ҳунарпешаи театру синамо ва садопешаи ҷавони тоҷик.

Соли 2010 – Иброҳим Ҳасанов, аввалин варзишгари олимпии Тоҷикистон аз заврақронӣ дар синни 73-солагӣ дар Эрон аз олам даргузашт.

Иброҳим Ҳасанов 11 карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар заврақронӣ буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС оид ба заврақронӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ солҳои 1984-1985 раҳбари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985-1991 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Инчунин ду маротиба вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Иброҳим Ҳасанов, ки чанд соли охири зиндагиаш тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии гӯгирд таҷлил мешавад. Таърихи гӯгирди муосир ба соли 1805 бармехӯрад. Шапсел, кимиёгари фаронсавӣ аввалин гӯгирдҳои худгиронро ихтироъ кард. Инҳо чӯбҳои хурде буданд, ки сарашон аз омехтаи сулфур, хлориди калий ва киновар сохта шуда буд.

2 марти соли 1983 дар Британияи Кабир дискҳои компактӣ намоиш дода шуданд. Ин диск, ки диаметраш 12 см буд, бо истифода аз технологияи лазерӣ “Девятая симфония”-и Бетховенро сабт ва намоиш дод.

2 марти соли 1949 аввалин парвози ҳавопаймои бесарнишин дар атрофи ҷаҳон анҷом ёфт. Ин парвоз 94 соату 1 дақиқа идома кард ва бо истифода аз ҳавопаймои бомбаборони амрикоии Boeing B-50 Superfortress Lucky Lady II сурат гирифт. Давоми парвоз ҳавопаймо 4 маротиба бо сӯзишворӣ пур карда шуд ва масофаи 37 740 км (23 452 мил)-ро тай кард.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи таъсиси дастаҳои ихтиёрии посдорони тартибот (дар кишварҳои ИДМ) таҷлил мешавад.

Соли 1959 бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР Рӯзи таъсиси дастаҳои ихтиёрии посдорони тартибот расман қабул карда шуд. Аввалин чунин гурӯҳҳо дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таъсис ёфта, сипас ба дигар шаҳрҳо паҳн гардиданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва шабона дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, шабона дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-3º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º,  дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, баъзан борон борида, чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 2 ба 3-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?

Дар бархе манотиқи Суғд дар остонаи таҷлили Наврӯз ва ё оғози баҳор анъанае бо номи “Хонагаштак” таҷлил мешавад. Ба фарқ аз “Идгардак”-и минтақаҳои ҷануби...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.