Доираи низоъ дар Ховари Миёна васеътар мешавад ва ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои ИМА дар кишварҳои Ховари Миёна идома доранд.
Аз ҷумла чанде пеш “BBC форсӣ” аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Теҳрон хабар дода навишт, ки садои таркишҳо аз қисматҳои гуногуни шаҳр ба гӯш мерасад. Эрон ҳам аз мавҷи ҳамлаҳои нав ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна хабар медиҳад.
Нисфирӯзии 2-юми март хабаргузории “ИРНА” бо такя ба Ҳилоли аҳмари Эрон навишт, ки шумораи кушташудаҳои ҳамлаи Амрико ва Исроил дар Эрон ба 555 нафар расидааст. Теъдоди маҷруҳон маълум нест. Дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, Ҳилоли аҳмар теъдоди захмиёнро 747 нафари гуфта буд.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки то ҳол дар 131 шаҳристони Эрон ҳамлаҳо сабт шудаанд.
Дархости беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон барои берун рафтан аз Эрон
Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки ҳеҷ шарванди кишвар дар Эрон осеб надида, беш аз 200 тан ба Сафорат барои берун рафтан аз ин кишвар дархост додаанд.

Ӯ рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, то кунун 15 нафарро ба воситаи Озарбойҷон ба ватан фиристодаанд ва имрӯз гузаштани тахминан 50 шаҳрванди дигар аз тариқи гузаргоҳи “Сарахс” дар сарҳади Эрону Туркманистон оғоз мешавад.
“Мо рӯйхати заруриро омода кардем ва ба воситаи сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангиҳоро анҷом додем… Дар умум беш аз дусад нафар сабтином карданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи онҳо дар фурсатҳои наздик ба ватан баргарданд”.
Ба гуфтаи сафир ҳоло дар Эрон 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки бо мақсади тиҷорату табобат ва саёҳат рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои ин минтақа худдорӣ намоянд".
Ин ниҳод ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, чунин тавсияҳо додааст:
– қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд;
– аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд;
– ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд;
– пайваста аз ахбори расмӣ ва иттилооти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
"Дар ҳолати ба миён омадани вазъияти фавқулода ё зарурати дарёфти кумак, шаҳрвандон метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд", – гуфтааст ин ниҳод ва дар идома телефонҳо барои тамос дар сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёнаро нашр кардааст:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Мобилӣ: +989363253147
WhatsApp: +992918818889
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн
Тел: (+966 11) 5120333
WhatsApp: +966563417592
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Тел: +(971)24417950
WhatsApp: +971581531574
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай
Тел: +(971)43945814
WhatsApp: +971585081221
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон
Тел: (+965) 25329896
WhatsApp: +96565762307
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
Тел: +974 44 12 39 06
WhatsApp: +97439902438
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Тел: +99391827271
WhatsApp: +9269738322
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Тел: +994513484032
WhatsApp: +9943484032
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
Тел: (+92518900222)
WhatsApp: +923328686050
Иддаои Сипоҳ: “Ба қароргоҳи дафтари Натаняҳу ҳамла кардем”
Чанде пеш, Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки дар мавҷи нави ҳамлаҳои худ ба Исрои, дафтари Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил ва макони истиқрори фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоии ин кишварро ҳадаф қарор додааст.
Гуфта мешавад, дар ин ҳамла аз мушакҳои дурпарвози “Хайбар” истифода шудааст.

Ҳамчунин, ББС хабар медиҳад, ки Ризо Наҷафӣ намояндаи Эрон дар Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) имрӯз, 2-юми март зимни нишасти ҷаласаи ин созмон гуфтааст, ки Амрико ва Исроил ба иншооти ҳастаии “Натанз” ҳамла кардаанд.
Ба навиштаи ин расона, Рафаэл Гроссӣ, мудири кулли Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ дар нишаст гуфтааст, “созмон ҳанӯз ягон нишонаеро надидааст, ки иншооти ҳастаии Эрон (аз ҷумла нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр ва реактори тадқиқотии Теҳрон) дар ҳамлаҳо осеб дида бошанд”.
Идомаи ҳамлаҳо
Хабаргузории нимарасии эронии “Тасним” навишт, ки имрӯз, Амрико ва Исроил ба шаҳристони Хурамобод зарба задаанд, ки дар натиҷаи 5 сарбози артиши Эрон кушта шудааст.
“The Times of Israel” навиштааст, ки дар натиҷаи зарбаи мушакии Эрон ба Беэр-Шевеи Исроил, ду нафар ҷароҳат бардошта, вазъи яке аз онҳо вазнин гуфта мешавад.
Хабаргузории давлатии Уммон хабар додааст, ки як бесарнишин ба як нафткаш дар халиҷи Уммон, наздикии шаҳри Маскат, пойтахти ин кишвар ҳамла кардааст.
Гуфта мешавад, яке аз маллоҳон кушта шудааст. Уммон гуфтааст кушташуда аз Ҳиндустон аст.
Дар Арабистони Саудӣ, корхонаи коркарди нафти “Рас-Таннура”, ки яке аз бузургтарин корхонаҳо дар ҷаҳон аст, пас аз ҳамлаи бесарнишинҳо фаъолияти худро муваққатан қатъ кардааст.
Мақомоти Қибрис ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Бритониё дар ин кишварро тасдиқ кардааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ду бесарнишин раҳгирӣ шудааст.
Вазорати дифоъи Қатар аз ҳамлаи бесарнишинҳои Эрон ба иншооти энержии ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад, талафот нест.
Суқути ҳавопаймоҳои чангии Армико дар Кувайт
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Кувайт эълон кард, ки имрӯз, 2-юми март, чандин ҷангандаи Амрико дар ин кишвар суқут кардаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ки “ҳамаи халабонҳо солим” аз ҳавопаймоҳо берун шудаанд.
Ин ниҳод сабаби суқути ҳавопаймоҳои ҷангии Амрикоро шарҳ надодааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки ин ҳодиса дар замони ҳамлаҳои шадиди Эрон ба пойгоҳои Амрико ба Кувайт рух додааст.
Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, суқути ҷангандаи “F-15”-и Амрикоро дида мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, сарнишини ин ҳавопаймои ҷангӣ аз он берун шуда, тариқи чатри наҷот (парашут) ба замин фуруд омадааст.

Қароргоҳи “Хотамуланбиё”-и Эрон низ эълон кард, ки ҷангандаи “F-15”-и Амрико, ки қасди ҳамла ба Эронро доштанд, бо падофанди ҳавоии Ҷумҳурии исломӣ ҳадаф қарор гирифта, суқут кардааст.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии марказии Амрико хабар дод, ки дар Кувайт се ҳавопаймоии ҷангии F-15-и Нерӯҳои ҳавоии ин кишвар сарнагун шудааст.
Вале, ба гуфтаи ин ниҳоди амрикоӣ, ин ҷангадаҳои ҳангоми муқобила бо мушакҳо ва паҳподҳои Эрон аз ҷониби системаҳои дифоъи ҳавоии Кувайт хато сарнагун карда шудааст.



